Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ

 «ҲУҚУҚ БА ОЗОДИИ СУХАН»

Дар Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд ҷамъбасти озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ҳуқуқ ба озодии сухан” байни толибилмони синфҳои 9-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Озмуни мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.

 Барои ширкат дар озмун зиёда аз 40 нафар толибилмон иншоҳои худро пешниход намуда, аз ҷониби комиссияи озмун баррасӣ ва ғолибон муайян карда шуданд.

Дар натиҷаи баррасии иншоҳои дастрасшуда, ғолибони озмун муайян карда шуда, ҷойи якумро Ғафурова Саидахон - хонандаи синфи  11А МТМУ №15, ҷойи дуюмро  Зокиров Далерҷон - хонандаи синфи  10В МТМУ №20 ва ҷойи сеюмро Азимова Меҳрона - хонандаи синфи  11В МТМУ №2 ишғол намуданд.

Ғолибони озмун бо Ифтихорномаҳои дахлдор қадрдонӣ карда шуданд. Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд  ба тамоми иштирокчиён барои ширкати фаъолона дар озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ҳуқуқ ба озодии сухан” арзи сипос изҳор менамояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор