Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Санаи 24 апрели соли 2023 корманди Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон Ҳайдарзода Муҳаммад дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аёдат ва дастгирии қисми осебпазири ҷомеа, бахусус маъюбону барҷомондагон, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат дарҷ гардидаанд, инчунин дар асоси Нақшаи фаъолияти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон барои соли 2023, ки аз ҷониби  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҷиҳати расонидани маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ ва аёдати беморон ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии будубоши доимии маъюбони дорои бемориҳои руҳӣ” дар ноҳияи Кӯшониён ташриф овард.

 Зимни ташриф ба кормандони Муассисаи мазкур вобаста ба муроҷиатҳояшон маслиҳатҳои муфиди ҳуқуқӣ дода шуд. Сипас Ҳайдарзода Муҳаммад аз шароити зисти бошандагони Муассиса, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳуҷраҳои истироҳатӣ, ошхона ва майдончаи истироҳатии наздиҳавлигӣ дидан намуд.

Шиносоӣ бо шароити зисти бошандагони муассиса нишон дод, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои истиқоматкунандагон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии будубоши доимии маъюбони дорои бемориҳои руҳӣ” дар ноҳияи Кӯшониён шароитҳо муҳайё шудааст.

Маъмурияти Муассиса аз шароити муҳайёгардидаи зист ва хурду хӯрок ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ҳамкорӣ ба Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон изҳори миннатдорӣ намуданд.

 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор