Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

 Бо дархости Ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” рӯзи 27 апрели соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии “Ҳамсон ба ҳамсон”, “Занҳои ҳуқуқшинос баҳри тараққиёт”, “Саодат”, “Ноил” ва “Гендер ва тараққиёт” “Рӯзи дарҳои кушода” баргузор гардид.  

Намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии зикргардида, ки шунавандагони Мактаби фаъолони гендерӣ (курси пешрафта) мебошанд, бо фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, мақсад, вазифа ва ваколатҳои он аз наздик шинос шуданд. Бахусус ба онҳо дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2021-2025, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ва ҳамчунин дар бораи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Байни меҳмонон ва кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сӯҳбати озод доир гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон ва фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷавобҳои муфассал  гирифтанд.

 Иштирокчиёни чорабинӣ аз пазироии самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкории судманд бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон иброз намуданд.

 

 Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор