Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  2 май дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон ғолибони озмуни шаҳрии расми беҳтарин таҳти унвони «Ҳуқуқҳои мо, кӯдакон» қадрдонӣ карда шуданд, ки ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) бахшида шуда буд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон.

Озмуни «Расми беҳтарин» аз 24 апрел то 2 май бо ташаббуси мақомоти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи Хатлон ва шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии хонандагон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ташкил карда шуд.

Дар он 58 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар иштирок намуд. Ба кумитаи тадорукоти озмун расмҳои хонандагон пешниҳод ва ғолибони озмун муайян гардид.

Дар асоси хулосаи кумитаи тадорукот  ҷойи якумро хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 Лутфия Раҳматуллоева, ҷойи дуюмро хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Шоҳсанам Абдурасулова ва ҷойи сеюмро хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Бохтар Раҳима Холалиева сазовор шуда, бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии мақомоти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.

«Имрӯз Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон сиёсатеро пеш гирифтаанд, ки  ба амалишавии тамоми ҳуқуқҳои кӯдакон мусоидат мекунад», — иброз дошт намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар анҷоми ҳамоиш.

Бознашр аз АМИТ «Ховар» АКС: Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор