Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

ТАВАҶҶУҲ БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд санаи 23 майи соли 2023 мизи мудаввар дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ дар самти риояи ҳуқуқи маъюбон, риояи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ дар ин самт” баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Саидалӣ Бобохонзода ва сармутахассиси шуъбаи мазкур Муҳаммад Салоҳиддинзодаро муовини аввали раиси шаҳри Бустон- Баҳодур Яқубзода ҳамроҳї намуда, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, раисони маҳаллаҳои шаҳр ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.

Кори мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини аввали раиси шаҳр Баҳодур Яқубзода оғоз ёфта, аввалан оид ба ҳамкориҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар самти ба роҳ мондани корҳои тарғиботи ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ибрози ақида намуд.

Сипас, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Бобохонзода маърӯза намуда, оид ба амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил, вазъи таъмини муҳити дастрас барои маъюбон дар инфрасохтори иҷтимоии ҳудуди шаҳр, иҷрои нақшаҳои миллї ва вобаста ба қабул ва амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарї ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»  андешаронӣ намуд.

Номбурда бо такя ба меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, вазифа ва уҳдадориҳои масъулини мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқро дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон шарҳу тавзеҳ дод.

Вобаста ба масъалаҳои зикршуда аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар дар бораи баҳсҳои манзил, таъминоти иҷтимоии маъюбон, иҷрои нақшаҳои миллї ва қонунгузории табъиз саволҳо пешниҳод шуданд.

Аз ҷониби кормандони масъули Дастгоҳи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас ва тавсияҳои дахлдор дода шуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор