Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Чорабиниҳои иттилоотӣ вобаста  ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» дар ВМКБ

 

         Санаи 19 июли соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» қабул гардид, ки тибқи он мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини иҷрои қонуни мазкур муайян гардидааст.

 

         Тибқи қонуни мазкур яке аз вазифаҳои мақоми ваколатдор ин ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ вобаста ба муаррифии Қонун «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» мебошад.

         Дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи корӣ аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 14-15 июни соли 2023 дар ҳайати Бобохонзода Саидалӣ - сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Нидоев Ҳусниддин - муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, Маҷидов Парвизҷон - муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз ва Мастоншоева Фарзона - Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон дар ВМКБ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида шуд.

Дар чорабиниҳо иттилоотӣ муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдулназарзода Абдулназар ва намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои кор бо занон ва оила, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҳуқуқи кӯдак, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин,  фаъолони ҷомеъа ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Тибқи барномаи чорабинии иттилоотӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавзӯъҳои «Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон», «Зарурати қабул ва шарҳу эзоҳи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ва «Ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар самти таъмини ҳифз аз табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

         Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти болозикр фаъолона иштирок намуда, вобаста ба муайян намудани табъиз дар муроҷиати шаҳрвандон, табъиз дар муассисаҳои ислоҳӣ, гузаронидани мониторинги муроҷиат дар самти табъиз, муайян намудани ҳолатҳои маъмурӣ будани табъиз, тарзи гузаронидани медиатсия (миёнҷигарӣ) ва дигар ҷанбаҳои масъала саволҳо доданд ва ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

        

         Сардори Шуъбаи ҳифзи

         давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ

         иҷтимоӣ ва фарҳангӣ                                                

         С. Бобохонзода  

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор