Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

ЧОРАБИНИИ ИТТИЛООТӢ ДАР МАВЗӮИ

«ПЕШБУРДИ КОНВЕНСИЯИ СММ ДАР БОРАИ   ҲУҚУҚҲОИ МАЪЮБОН»

 

Дар доираи ҳамкориҳои Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд” санаи 20 июни соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд чорабинии иттилоотӣ дар мавзӯи «Пешбурди Конвенсияи СММ дар бораи   ҳуқуқҳои маъюбон» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла сохторҳои кор бо занон ва оилаи шаҳр, шӯъбаи маориф, роҳбарони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактаб-интернатҳои воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои наздик, намояндагони ВАО ва ташкилотхои чамъиятӣ бо теъдоди зиеда аз 50 нафар иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ Ҳакимзода С. К. – роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд” бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ба иштирокчиён Ҳабиба Ҳамидова – Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд ва Мамадҷонова Мастона – сармутахассиси сохтори мазкурро муаррифӣ намуд.

Сипас дар назди иштирокчиёни чорабинӣ Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳифзи ҳуқуқ ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони имконияташон маҳдуд» баромад намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Ҳ. Ҳамидова оид ба «Тартиби қабул ва баррасии марочиати шахсони имконияташон маҳдуд» маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар қисми муҳокима саволҳо оид ба тартиби таъмини нобиноён ва ношунавоён бо тарҷумонҳои зарурӣ, дар бораи тартиби таъмини қабули шахсони нобино барои ворид шудан ба утоқи кории Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд ва ғайраҳо иброз карда шуда, ҳозирин фикру ақидаи худро баён намуданд.

Дар қисми ҷамъбастии чорабинӣ ташкилкунандагон барои ширкати ҳозирин арзу сипоси худро баен намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд омодагии хешро иброз намуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор