Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Машваратҳои ҳуқуқии сайёр дар ноҳияи Дӯстӣ

Бо мақсади иҷрои самараноки талаботи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он санаи 29 июли соли 2023 дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раиси ноҳияи Дӯстӣ Рўзи қабул ва вохўрӣ бо шаҳрвандон ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур инчунин роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шаҳрвандони ноҳияи мазкур иштирок намуданд. Дар рафти қабули муроҷиатҳои шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон 17 адад муроҷиати шифоҳӣ ва 2 адад муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуданд.Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон дар ноҳияи Дӯстӣ бештар ба баҳсҳои оилавӣ, додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, расонидани кӯмак дар сохтмони хонаи истиқоматӣ, расонидани кӯмакҳои моддиву молиявӣ ва дигар масъалаҳо вобастагӣ доштанд.     

 Дар робита бо муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандони ноҳия, ки оид ба гирифтани замини наздиҳавлигӣ ва кўмакҳои молиявӣ буданд, Раиси ноҳия ба раисони Кумитаи замини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия дастур дод, ки муроҷиатҳои шаҳрвандонро ба қайд гирифта, дар асоси талаботи қонунҳои амалкунанда баррасӣ ва иҷро намоянд.Ҳамзамон, бо муаллифони муроҷиатҳои хаттӣ, ки оид ба баҳсҳои оилавӣ мебошанд, суҳбатҳои алоҳида доир карда шуда, ба онҳо  тавсияҳои дахлдори ҳуқуқӣ дода шуд. Айни замон муроҷиатҳои зикршуда зери назорат қарор доранд ва дар баррасӣ мебошанд.

 

                                                                                      Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор