Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон қарор дошта, масъалаҳои марбут ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизро бо сохторҳои мухталифи Ҷумҳурии Лаҳистон баррасӣ менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар медиҳад.

Ҳайати мазкур 8 август бо Директори Раёсати кишварҳои шарқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистонро дар самти ҳуқуқи инсон баррасӣ намуд.

9 август Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Лаҳистон вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрии мазкур намояндаи Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, хусусан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», ки ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта қабул гардид, изҳори назар  намуд.

Ҳамин тариқ, вохӯриҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон то 13 август идома меёбанд. Дар назар аст, ки онҳо бо сохторҳои дигари Ҷумҳурии Лаҳистон дар самтҳои гуногуни ҳуқуқи инсон вохӯриҳо анҷом диҳанд.

Бознашр аз сомонаи АМИТ Ховар

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор