Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Мулоқоти У. Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди СММ, Ленни Монтиел

 

 

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, У. Бобозода санаи 31 августи соли ҷорӣ бо Роҳбари Намояндагии Барнома рушди СМММ ҷаноби Ленни Монтиел вохӯрӣ анҷом дода, якчанд масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои мутақобиланд судманди  трафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғоз Ваколатдор оид  ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  У. Бобозода оид ба дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан оид ба қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Нақшаи амали он ишора намуда, воқиф сохтанд, ки тибқи Стратегия мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқ инсон иҷрокунандаи як қатор вазифаҳои муқаррашудаи ҳуҷҷат буда, нақшаи чорабиниҳои сохтор ҷиҳати иҷрои самараноки он таҳия ва тартиб дода шудааст.

Ҳамзамон, У. Бобозода бо Роҳбари Намояндагии БРСММ Ленни Монтиел доир якчанд масъалаҳои дигари мубрам, аз қабили баргузории мизи мудаввари мақомот бахшида ба қабули Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Нақшаи амали он, доир ба ҳамкориҳо дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба ҳафтаи ҳуқуқи инсон ва санаи қабули Эъломияи ҳуқуқи башар (10 декабр), оид ба ташрифи ҳайати намояндагии Маркази волоияти қонуни Донишгоҳи Хелсинкӣ ҷиҳати дастгирии мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастёбии мақоми “А” мутобиқ ба Принсипҳои Париж мулоқоти судманд анҷом доданд.

Дар фарҷом, Роҳбари Намояндагии БРСММ Ленни Монтиел аз Умед Бобозода ҷиҳати пазироӣ дар сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуда, иброз намуд, ки ҳамкориҳои БРСММ бо мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд низ тақвият хоҳанд дода шуд.

 

Хадамоти ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор