Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пайваста густариш меёбанд.

Бо мақсади иҷрои талаботи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баҳри баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи онҳо санаи 16 сентябри соли 2023 дар ноҳияи Хуросон аз ҷониби роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раиси ноҳияи Хуросон Рӯзи қабул ва вохӯрӣ бо шаҳрвандон ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур ҳамзамон, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шаҳрвандони ноҳияи номбурда иштирок намуданд. Дар рафти қабули муроҷиатҳои шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон 20 адад муроҷиатҳои шифоҳӣ ва 1 адад муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуданд.

Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон дар ноҳияи Хуросон бештар ба баҳсҳои оилавӣ, додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳуҷҷатгузорӣ намудани хонаи истиқоматӣ, расонидани кӯмакҳои моддиву молиявӣ ва дигар масъалаҳо вобастагӣ доштанд.   

Муроҷиатҳои шаҳрвандоне, ки оид ба гирифтани замини наздиҳавлигӣ ва расонидани кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ буданд, Раиси ноҳия ба раисони Кумитаи замини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар шахсони мутассадии ноҳия дастур дод, ки муроҷиатҳои шаҳрвандонро ба қайд гирифта, дар асоси талаботи қонунҳои амалкунанда баррасӣ ва иҷро намоянд.

Ҳамзамон, бо муаллифи муроҷиати хаттӣ, ки оид ба баҳсҳои оилавӣ мебошад, суҳбати алоҳида доир карда шуда, тавсияҳои дахлдори ҳуқуқӣ дода шуд. Айни замон муроҷиати зикршуда зери назорат қарор дорад ва дар баррасӣ мебошанд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор