Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Шаҳристон, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва шаҳри Истаравшан ҷиҳати баргузор намудани машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ ва қабули шаҳрвандон

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2023 ҷиҳати баргузор намудани машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ ва қабули шаҳрвандон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода санаи 18-23 сентябри соли ҷорӣ ба ноҳияҳои Шаҳристон, Спитамен, Б.Ғафуров, Зафаробод ва шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом доданд.

Мақсад аз анҷом додани сафарҳои корӣ – иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвият ва таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои манфиатовар бо сохторҳои маҳалӣ дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалисозии нақшаҳои миллии амалҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, ташвиқу тарғиби дастоварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Итиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар ҷодаи таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин муайян намудани проблемаҳои аҳолӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва ҷой додани онҳо дар Маърӯзаи солонаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Бобозода зимни сафари мазкур дар шаҳру ноҳияҳои болозикр бо мақсади анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба фаъолият ва самтҳои кории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин оид ба қабул ва дар амал татбиқ гардидани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025, инчунин оид ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории дохилидавлатӣ дар самти риояи ҳуқуқи инсон, оид ба ташкили гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва номатлуб бо маълумоти мушаххас баромад намуда, пас аз он қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд. Ҷарраёни қабули шаҳрвандон бо иштироки роҳбарони аввал ва сардорони бахшу шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатӣ дар минтақаи марбута амалӣ карда шуданд. 

Ҷарраёни қабули шаҳрвандон бо иштироки роҳбарони аввал ва сардорони бахшу шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатӣ дар минтақаи марбута амалӣ карда шуданд.

Аз натиҷаи қабули шаҳрвандон маълум гардид, ки аҳолӣ бештар вобаста ба масъалаҳои замин, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сотхмони хонаи истиқоматӣ, баҳсҳои оилавӣ, тақсимоти молумулки муштарак, худсарона фурӯхтани замин ва бинои боғчаи кӯдакона дар деҳоти ҷамоат, дарстхостҳо оид ба пешниҳод барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки шаҳрвандии худро дар натиҷаи бастани ақди никоҳ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даст додаанд, ё ин ки аз шаҳрвандии давлати худ даст кашидаанд (бештар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон), ҳимояи ҳуқуқии саҳмдорон ва соҳибмулкони хоҷагиҳои деҳқонӣ масъалаи зӯроварӣ дар оила, масъалаи саркашӣ аз супоридани алимент риоя намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми муносибат ва муомила, ташкил намудани системаи қубур ва корезҳои партовиҳо (канализатсия дар маҳалҳои шаҳраки ноҳия) муроҷиат намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки вобаста ба масъалаҳои зикргардидаи ҳуқуқи инсон дар ноҳияҳои мазкур аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба шахсони муроҷиаткунанда машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ дода шуд, инчунин баъзе аз муроҷиатҳои шаҳрвандон бо мусоидат бо кормандони мақомоти маҳалӣ ҳалли худро ёфтанд.

Ҳамин тариқ, дар ҷамъбасти қабули шуҳрвандон дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои дар боло зикргагдида Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон У.Бобозода иброз дошт, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқи инсон чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намояд.

Дар шаҳру ноҳияҳои мазкур аз ҷониби намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва шаҳрвандон ҳамзамон пешниҳод гардид, ки минбаъд гузаронидани қабули шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст, ки дасртарсии баъзе аз шаҳрвандон барои муроҷиат ба мақомоти марказӣ мушкил аст, ҷиҳати иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, муайян намудани мушкилоти аҳолӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон зиёд карда шавад.

Дар қисмати муҳокимавии вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба самтҳои гуногуни ҳуқуқи инсон саволҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод гардид ва ба саволҳои дода шуда ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор