Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

Санаи 2 октябри соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомот ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии идона сараввал муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Миҷгона Бобоҷонзода баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди ҷумҳурии азизамонро бо ин ҷашни муборак самимона муборакбод намуданд.

Зимни суханронӣ М. Бобоҷонзода аз саъю талошҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди забони тоҷикӣ ёдовар шуд.

 

 Сипас меҳмони чорабинӣ – муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло суханронӣ намуда, оид ба таърихи забони тоҷикӣ дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва замони муосир маърӯзаи пурмуҳтаво пешниҳод намуд.

Дар мизи мудаввар муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Машрабзода Азим ва мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Катахонова Лутфия маърӯза намуда, оид ба ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ ибрози назар намуданд.

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки барои давлатҳои миллӣ забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии нигоҳдошти онҳо маҳсуб меёбад ва агар кишвар ба ин арзиш эҳтиром нагузорад, шикасти  он ногузир аст.   

Иштирокчиёни чорабинӣ маърӯзаҳои пешниҳодшударо муҳокима  намуда, фикру ақида ва таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Аз ҷумла, барои ҳамкориҳои самаранок ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда шуда, пешниҳод карда шуд, ки дар ояндаи наздик барои кормандони ВҲИ оид ба имлои нави забони тоҷикӣ дарсҳои бозомӯзӣ ташкил карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби муҳтарам Раҳматуллозода С. бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар М. Бобоҷонзода бори дигар ҳамагонро бо ҷашни Рӯзи забони давлатӣ муборакбод намуда, ба ҳар як фарди худогоҳи Ватани азизамон сиҳативу саломатӣ, бурдбориҳо, сулҳу оромӣ ва рушди забони давлатиро таманно намуд.

 

 Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор