Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Вохӯрии кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Гузоришгари махсуси СММ оид ба ақаллиятҳои миллӣ Фернанд де Варен

 

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 32/10 аз 9 октябри соли 2023 кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуров М. ва Машрабзода А. бо Гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба ақаллиятҳои миллӣ ҷаноби Фернанд де Варен мулоқот намуданд.

Зимни вохӯрӣ нахуст кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба вазифа, ваколат ва самтҳои афзалиятноки стратегии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, инчунин қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон назаррас мебошад.

Аз ҷумла, кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қайд намуданд, ки сиёсати этникии давлат ба муттаҳидии халқи Тоҷикистон, таҳаммулпазирии байни миллатҳо нигаронида шуда, он аз ҷониби намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ ба пуррагӣ дастгирӣ мешавад ва меъёрҳои баробарии ақаллиятҳои миллӣ, роҳ надодан ба табъиз аз рўи нишонаҳои миллӣ ва нажодӣ, ки дар қонунгузорӣ муайян шудаанд, ба пуррагӣ риоя ва ҳаллу фасл карда мешавад.

Ҳамчунин, кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, ки пешбурди ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи шахсон, новобаста аз фарқияти нажодӣ, ранги пўст, баромади миллӣ ё этникӣ мусоидат мекунад, Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 сухан намуданд.

Гузоришгари махсуси СММ оид ба ақаллиятҳои миллӣ ҷаноби Фернанд де Варен аз мандати ниҳоди худ сухан намуда, ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти пешбурд ва риояи ҳуқуқу озодиҳои намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ва Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ташвиқу тарѓиби баробарӣ ва манъи табъиз, Гузоришҳои миллии Тоҷикистон аз натиҷаи иҷрои Конвенсияи байналмилалӣ оид ба рафъи ҳамаи шаклҳои нажодӣ ва дигар масъалаҳо баҳои баланд дод.

Мубодилаи тарафҳо бештар ба масъалаҳои омори намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, бахусус лулиҳо, оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти мазкур, муносибатҳои байни миллату халқиятҳо, мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мазкур, шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона ва дигарҳо дахл доштанд.

Дар охири мулоқот ҷаноби Фернанд де Варен барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва забонӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор