Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Принсипҳои марбута ба ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон (Принсипҳои Париж)  дар мавзуи «Муҳимияти ниҳодҳои миллии қавии ҳифзи ҳуқуқи инсон: ҷамъбасти натиҷаҳо ва харитаи роҳ барои оянда» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз намуд, ки дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии ҳуқуқи инсонро тасдиқ намуда, ҷиҳати таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд дар сатҳи қонунгузории миллӣ ва амалияи ҳуқуқазхудкунӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз чунин тадбирҳо таъсис додани механизми миллии мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, яъне мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таъкид гардид, ки мавҷудият ва фаъолияти бемонеаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон яке аз нишонаҳои муҳими давлати демокративу ҳуқуқбунёд мебошад, ки Тоҷикистон маҳз ин роҳро пеш гирифтааст.

 

Иттилоъ дода шуд, ки Принсипҳои марбут ба мақомоти миллӣ, яъне Принсипҳои Париж бо қатъномаи бевоситаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри соли 1993 қабул шудааст. Онҳо нишондиҳандаҳоеро муқаррар менамоянд, ки ниҳодҳои навтаъсис ё мавҷудаи ҳуқуқи башар аз рӯйи онҳо метавонанд аз ҷониби зеркумитаи акредитатсионии кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсозӣ ё акредитатсия шаванд. Камбудиҳо ва ё норасоиҳое, ки дар ҷараёни акредитатсия ошкор мегарданд, меавонанд ҳамчун харитаи роҳ ё матритса барои беҳтар гардидани ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон баъдтар хизмат намоянд. Принсипҳои Париж ҳамчун стандартҳои байналмилалӣ шартҳои ҳадди ақаллро муайян менамоянд ва ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон бояд ба онҳо ҷавобгӯ бошанд, то ин ки дар байни ниҳодҳои ҳуқуқи инсон, ҳамтоёни худ ва дар низоми СММ эътимод дошта бошанд.

Умед Бобозода изҳор намуд, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар доираи ваколате, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда муқаррар менамоянд, ҷиҳати амалисозии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайваста саъю талош менамояд. Он дар муддати 14 соли фаъолият дар низоми ҳуқуқии давлат мавқеи сазовор пайдо намудааст.

Баён гардид, ки таҳкими иқтидори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон яке аз ҷанбаҳои муҳими уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз дар ин самт пайваста тадбирҳои сиёсӣ-қонунгузорӣ ва амалӣ андешида мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди гузоришҳои миллии худ аз ҷониби сохторҳои дахлдори СММ ҷиҳати таҳким додани фаъолияти ниҳоди миллии ҳуқуқи инсон- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тавсияҳо гирифтааст.

 

Бознашр аз АМИТ "Ховар"

                                                                                                                                                                                                                    

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор