Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2024
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва самараноки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-350 аз 1 апрели соли 2023 оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ барои иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи Универсалии Даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026 рӯзи 13 ноябри соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии назди  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба мутобиқати ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж дар ҳайати нав баргузор гардид.

Зимни баргузории ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таҳияи Нақшаи фаъолияти Гурӯҳи кории мазкур барои соли 2024 ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти Гурӯҳи корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои аъзои Гурӯҳи корӣ ва даъватшудагон – сардорони шуъбаҳои Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қарор дода шуд, ки таҳлилҳои солҳои пешин ва қонунгузории давлатҳои ҳамсоя дар самти мазкур мавриди омӯзиш қарор дода шуда, таклифҳои пешниҳодшуда дар таҳияи  Нақшаи фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравӣ барои соли 2024 ба назар гирифта шаванд.

Тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ моҳи январи соли 2024 гузаронида шуда, барои иштирок дар он дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ даъват карда шаванд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор