Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бахшида ба 75 -солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Орзузода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ ва дигар намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Дар нишаст иброз гардид, ки имрӯзҳо эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар ҷомеа маҳсуб шуда, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст.

Ба гуфтаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, мазмуну моҳияти меъёрҳои конститутсионии соҳаи ҳуқуқи инсон дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ба воситаи Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз мегарданд.

«Ҳанӯз соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии ӯро эътироф намуда, муқаррар намуда буд, ки инсон, хуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Бо такя ба ин муқаррарот ва меъёрҳои дигари барномавӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардида, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуданд»,-баён дошт Умед Бобозода.

Дар ҳамоиш баён гардид, ки дар самти риоя ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чун ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038», ки аз 5 августи соли равон тасдиқ гардидааст, амал менамояд. Он ҳамаи нақшаҳои миллии мавҷуда ва қабулшаванда оид ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигарро дар самти ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг сохта, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад. Ва ҳадафи асосии Стратегияи миллӣ таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии сиёсати давлатӣ, ки самти рушди қонунгузорӣ, сиёсат ва амалияи қонунтатбиқкуниро ҳангоми қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ муайян менамояд, мебошад.

 


Фирӯз Орзузода изҳор намуд, ки соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки дар ин се даҳсола барои таҳким ва пешбурди ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар корҳои назаррасро ба анҷом расонем.

Номбурда афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва иҷрои бовиҷдононаи уҳдадориҳои байналмилалӣ фаъолият намуда истодааст.

Таъкид гардид, ки фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Риоя ва иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, яъне волоияти қонун яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб мешавад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб мераванд. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки чорабинии имрӯза оғози баргузории дигар ҳамоишу мизҳои мудаввар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳорнии ҳуқуқи инсон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 декабр Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон эълон гардидааст. Мақсади эълони ин рўз, ба ҷомеа ва ҳар нафар расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки ба қабули он имсол 75 сол пур мешавад.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор