Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

Бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва пешбурди минбаъдаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷумҳурӣ санаи 5 декабри соли љорї дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии СММ–Занон ва Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таҳти раёсати У. Бобозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинӣ ба ифтихори 75-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, 30-солагии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон ва Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқњои кӯдак сурат гирифт.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони мақомоту идораҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатї, шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ мавзӯъҳои «Раванди иҷрои Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба амалисозии тавсияҳои ШУД барои солҳои 2023-2026 ва Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038», «Раванди амалисозии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рафти иљрои Конвенсияи СММ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дастовардҳои Тоҷикистон тайи 30 соли амалисозии Конвенсияи СММ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон бо фарогирии дастовардҳои амалӣ дар соҳаи ҳуқуқи занон дар сатҳи ҳаёти ҳамарӯза»-ро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш дар доираи мавзӯъҳои пешниҳодшуда фикру мулоҳизаҳо ва таклифу пешниҳодоти ҷолиб баён шуданд.

Бо мақсади пешбурди минбаъдаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба ин восита таъмин намудани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳким бахшидани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд дар арсаи байналмилалӣ қарор дода шуд, ки таклифу пешниҳодоти баёншуда ба унвонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба таври хаттӣ ирсол карда шуда, онҳо зимни таҳияи маърӯзаи солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба инобат гирифта мешаванд.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор