Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода санаи 7 декабри соли 2023 дар ҳамоиши тантанавӣ як қатор кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо “Ифтихорнома” сарфароз гардонида шуданд.

Кормандон ба муносибати 75-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, 30-солагии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон ва Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳамзамон барои фаъолияти босамар дар амалисозии вазифаҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳтиром, эътироф, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон, ба муносибати ҷашнҳои зикршуда як қатор намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла мақомоту идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма барои ҳамкории самарабахш бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳтиром, эътироф, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон бо “Сипоснома” сарфароз карда шуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор