Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Дар робита ба амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 рўзи 21 декабри соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи мазкур таҳти раёсати Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Раиси Шўро баргузор гардид. Дар чорабинӣ аъзоёни Шўро – намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷиҳати амалисозии самараноки яке аз самтҳои муҳими фаъолити Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он мусоидат менамояд.

Барнома низоми таълимро дар марҳилаи нави рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тақвият додани донишҳои касбии кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст.

Дар ҷаласаи Шўро раванди татбиқи Барнома ва амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 дар соли 2023 ва фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин самт баррасӣ гардида, фаъолиятҳои муштарак дар соли 2024 тарҳрезӣ гардиданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки амалисозии Барнома ҷиҳати боз ҳам баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор