Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

САБТИ БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

ДАР  МАВЗӮИ «НАҚШИ ДАВЛАТ, ҶОМЕА ВА

ВАО ДАР БАРТАРАФСОЗИИ НОБАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ»

Санаи 20 декабри соли 2023 бо ташаббуси Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд барномаи телевизионӣ дар Телевизиони «АЗИЯ» дар мавзӯи «Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар бартарафсозии нобаробарии гендерӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Раёсати ВКД, Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд, Раёсати дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Суди волояти Суғд, Роҳбари Иттифоки Адвокатҳои вилояти Суғд ва донишҷуёни Академияи ВКД иштирок намуданд.

Барномаи чорабинӣ суолҳои зеринро дарбар гирифт:  «Механизмҳо ва субъектҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қурбониёни нобаробарии гендерӣ»; «Нақши мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷабрдидагони нобаробарии гендерӣ»; «Нақши ҷомеа дар пешгирӣ ва пешгирии нобаробарии гендерӣ (ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кумитаҳои маҳаллаҳо, фаъолони ҷамъиятӣ)»; «Нақши ВАО дар пешгирии нобаробарии гендерӣ»; «Таҳияи тавсияҳо ва пешниҳодҳо оид ба такмили механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қурбониёни нобаробарии гендерӣ».

Иштирокчиён дар рафти чорабинӣ фаъолона ширкат намуда, нуқтаи назари худро оид ба масъалаи баррасишаванда иброз намуданд. Чорабинии мазкур дар доираи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” гузаронида шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти баробарии гендерӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор