Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Санаи 18 январи соли 2024 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Радиои «Садои Душанбе» ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони зерсохторҳои Кумитаи мазкур, инчунин ҳамкорон аз воситаҳои ахбори омма ва меҳмонон аз мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Аз ҷумла, намояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Содиқов роҳбарияти Кумита ва ҳайати кормандони Радиои «Садои Душанбе»-ро бо ин ҷашни фархунда муборакбод намуда, аз номи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Зимни табрикот А. Содиқов қайд намуд, ки Радиои «Садои Душанбе» дар фазои иттилоотӣ нақши сазовор дошта, бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамкориҳои пайваста ва босамар дорад ва ҳамзамон, дар амалисозии вазифаҳои маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон ва ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳтиром, эътироф, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон саҳмгузорӣ менамояд.

Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимии худро ба Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон изҳор намуда, омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва самаранок баён доштанд.

 

Хадамоти матбуоти ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор