Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

 

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

  1. Муовини сардори  шуъбаи  ҳифзи  давлатии  ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3635,60 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2011,50 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси  шуъбаи ҳифзи давлатии  ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ  ва ҳуқуқи  соҳибкорони  Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2011,50 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1494,00 сомонӣ.
  5. Мутахассиси  пешбари  Намояндагии  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ.
  6. Мутахассиси  пешбари  Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,30 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби зикршуда

Муовини сардори шуъбаи  ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ

ва озодӣ аз табъиз - 1 ҷой, маоши мансабӣ -3635,60 сомонӣ.

 

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии  меҳнатӣ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
  • Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.

 

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби зикршуда

Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 ҷой, маоши мансабӣ 2011,50 сомонӣ.

 

 

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
  • Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби зикршуда

Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии  ҳуқуқҳои истифодабарандагонӣ хизматрасониҳои  молиявӣ  ва ҳуқуқи  соҳибкорони  Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 ҷой, маоши

мансабӣ 2011,50 сомонӣ.

 

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
  • Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

 

  • таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

   Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ.

 

Дар ҳолати доштани собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ иловапулӣ пардохт карда мешавад.

 

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 

  • ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 3х4;
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;
  • маълумотнома оид    ба надоштани доғи судӣ;
  • дигар ҳуҷҷатҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

734023,  шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар -10, тел: 221-47-87

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо - 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон.

 

Маълумоти бештар  дар бораи талаботи тахассусӣ, саволномаи озмун ва дигар маълумот дар сомонаи www.ombudsman.tj

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор