Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни иҷлосияи 87-уми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи табъиз нисбат ба занон дар шаҳри Женева ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гузориши миллии даврии ҳафтуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба иҷрои муқаррароти Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон пешниҳод намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.

Ҳайати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иборат буда, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар иҷлосия иштирок намуд.

Аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши занон дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, алалхусус рафъи табъиз нисбат ба занон, баробарии гендерӣ, таъмини дастрасӣ ба таҳсил, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустии занон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегарданд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

             

 

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор