Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

Санаи 23 феврали соли 2024 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид

.

Дар чорабинии идона сараввал муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Бобоҷонзода  оид ба таърих ва таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд карданд, ки саҳми Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст, зеро бо иқдомҳои пайваста ва пайгиронаи Сарвари давлати тоҷикон дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, ки дар ҷумҳурӣ заминаҳои моддиву техникӣ барои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ умуман вуҷуд надоштанд, артиши миллӣ таъсис дода шуд ва хатари аз байн рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил бартараф карда шуд.

Дар мизи мудаввар сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон С. Шоназарова оид ба таърихи ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар пешбурди ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад кард.

Иштирокчиёни чорабинӣ маърӯзаи пешниҳодшударо муҳокима намуда, ҷиҳати тақвият додани фаъолияти мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ҳуввияти миллии ҷавонон фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Бобоҷонзода ҳозиринро бо фарорасии  солгарди навбатии таъсисёбии ҷашни ҳомиёни Ватан самимона муборакбод намуда, ба онҳо саломатӣ, иродаи мустаҳкам ва тарбияи кӯдакони солим ва ватандӯсту ватанпарварро орзу доштанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор