Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

ДУШАНБЕ, 26.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бахшида ба 29-солагии ниҳоди Ваколатдори Олии Маҷлис оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Узбекистон (Омбудсман) конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода чун намоянда аз ҷониби Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор хабар доданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар таъмини ҳифзи шахсони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфт. Ҳамчунин доир ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд, раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти тасдиқи (ратификатсияи) Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи ҳуқуқи маъюбон, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба баррасии муроҷиатҳои маъюбон ва монанди инҳо ибрози назар карда шуд.

Дар конфронс ваколатдорон аз давлатҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла роҳбарони ниҳоди байналмилалии омбудсменҳо аз Туркия, Италия, Австрия, Венгрия, Лаҳистон, Сербия, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Шоҳигарии Марокаш, аъзои Парлумон ва сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Узбекистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ  ва  ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Ҳамзамон дар конфронс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок намуд.

Дар доираи конфронс Умед Бобозода бо ваколатдорони ин давлатҳо суҳбату вохӯриҳо намуд. Ҷиҳати ҳамкорӣ ва минбаъд бастани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омбудсменҳои ин мамлакатҳо мувофиқа ба даст омад.

 

Бознашр аз АМИТ «Ховар

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор