Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

 

Модарону хоҳарони азиз!

Модари тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба олами тамаддун нобиғаҳоеро эҳдо намудааст, ки бо онҳо ҷаҳониён ифтихор доранд. Зан-Модар олиҳаи зиндагист ва ин аст, ки бузургони ҷаҳон дар назди ӯ сари таъзим фуруд овардаанд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии Зан-Модар ҳусни тоза пайдо намуд ва ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуд.

Нақши занону модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад ва чӣ тавре ки Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: “Зеро зан – модар табиатан офаранда, созанда, парваришгар, ҷомеасозу ояндасоз ва идомабахши ҳаёт мебошад.”

Бо ифтихору шарафмандї якояки бонувони Тоҷикистонро ба муносибати Рўзи Модар табрик гуфта, ба онҳо дар ҳаёти шахсиву оилавӣ меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек, рӯзгори ободу осуда ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

Бигзор, ҳамеша ҳусни оламгир ва меҳру муҳаббати  поки Зан–Модар илҳомбахши зиндагӣ, равшангари қалбҳо ва чароғи ҳар як хонадон бошад!

Идатон муборак, рўзгоратон обод ва бахту иқбол ёратон бод!

 

Бо эҳтиром,

Умед Бобозода -

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор