Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

ДАР МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН МАСЪАЛАҲОИ РЕИНТЕГРАТСИЯИ ИҶТИМОИИ МАҲКУМШУДАГОН БАРРАСӢ ГАРДИД

13 марти соли 2024 ҳайати  кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо намояндаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Шах Салман Хан ва коршиноси минтақавӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Куат Рахимбердин  вохурӣ намуданд.

Зимни мулоқот нахуст оид ба нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маҳкумшуда, ҳамкориҳо бо мақомоти низоми ислоҳи ҷазо, баргардонидан, офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии занону кўдакони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашуда, бо ҷойи корӣ таъмин намудани маҳкумшудагон ва махсусан иқдомҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

  Дар идома коршиноси минтақавӣ Куат Рахимбердин оид ба таҳлилу арзёбии масаъалаҳои пешгирии терроризм ва экстремизм бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ маълумот дода, маводҳои таҳиякардаашро барои истифода пешниҳод намуд.

Ҳамчунин зимни вохурӣ атрофи масъалаҳои таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи пробатсия», реинтегратсияи иҷтимоии маҳкумшудагон, омўзиши ҳолатҳои мавҷуда ва тартиби ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои пробатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳамкориҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар самтҳои ҳуқуқи инсон мулоқоти судманд баргузор гардид.

Вохўрӣ дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо иброз доштанд.

 

Хадамоти матбуоти ВҲИ

                    

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор