Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Рӯзи 9 апрели соли 2024 дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар семоҳаи аввали соли  2024 маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор  гардид.

Нахуст Умед Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар ин давра маърӯза намуда, қайд кар

данд, ки баъзе нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 беҳтар ба назар мерасанд. Бинобар ин, зарур аст, ки дар самти амалисозии нақшаҳои дар мақомот амалишаванда чораандешӣ карда шуда, барои беҳтар намудани фаъолият бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда саъю кӯшиш намуд.

Инчунин дар масъалаи қабул ва баррасии муроҷиатҳо, муросилоти аз дигар мақомот воридгардида, баррасии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иштироки кормандон  дар гурӯҳҳои корӣ, иштирок дар семинару конференсия ва мизҳои мудаввар, гузаронидани мониторингу санҷишҳо, баромад дар ВАО ва дигар масъалаҳо сардорони шуъбаҳои дахлдори мақомот баромад намуданд.

Сипас  фаъолияти  воҳидҳои  сохтории  мақомот ва кормандони он  мавриди таҳлил ва муҳокима  қарор гирифта, аз ҷониби роҳбарият  ҷиҳати тақвият додани корҳо ва иҷрои пурраи барномаи амали мақомот барои  соли 2024 дастурҳои  мушаххас дода шуд.

Ҷиҳати тақвият додани фаъолияти мақомот қарорҳои дахлдори маҷлиси ҷамъбастии кормандони мақомоти ВҲИ қабул карда шуд.

 

Хадамоти матбуотии  ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор