Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Вохӯрии иттилоотӣ бо кормандони суд ва

машваратчиёни халқии суди ноҳияи Б. Ғафуров

         Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд дар доираи амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 вобаста ба зарурат, моҳият ва ҳадафи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» вохӯрии иттилоотӣ бо кормандон ва машваратчиёни халқии суди ноҳияи Б. Ғафуров баргузор гардид.

     Чорабинии мазкур аз ҷониби Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд Ҳабиба Ҳамидова, собиқадори НВҲИ дар Суғд Ҳамидов Нурулло Абдуваҳобович, раиси суди ноҳияи Б. Ғафуров Сангинзода Ғайрат ҳамоҳангсозӣ ва гузаронида шуд.

 Дар чорабинии мазкур моҳияти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз 11 марти соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Машваратчиёни халқӣ, ки тибқи Низомнома «Дар бораи машваратчиёни халқӣ» интихоб ва таъин карда шуда, фаъолият мебаранд, аз гурӯҳи фаъолон ва намояндагони баобрӯи қишри ҷомеа буда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, хусусан ҷавонон бояд саҳмгузор бошанд. 

    Аз ин лиҳоз, иттилоотонии кормандони судҳо ва машваратчиёни халқӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ, аз ҷумла дар самти барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз муҳим арзёбӣ мегардад.

    Дар фарҷоми чорабинӣ раиси суди ноҳияи Б. Ғафуров Сангинзода Ғайрат ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои доир намудани чунин ҳамоиши мутақобилан судманд миннатдорӣ ва омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор