Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

Марафони нақлётӣ оид ба баланд бардоштани

маърифати ҳуқуқии маъюбон дар вилояти Хатлон

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии маъюбон, татбиқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои маъюбон дар ҳамкорӣ бо Ташкилотҳои Ҷамъиятии маъюбон аз 7 то 12 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Кўшониён, Ҷ. Балхӣ, Балҷувон, Темурмалик, ва Восеъи вилояти Хатлон Марафони нақлиётӣ баргузор гардид. Дар марафони мазкур намояндагон аз Вазорати тандурўстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои номбурда ва роҳбарони соҳаҳои тандурўстӣ, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, ҳифзи иҷтимоӣ, меъморӣ ва сохтмон, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдори ноҳияҳои мазкур иштирок карданд.

 

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони ташкилоту идораҳои номбаршуда вобаста ба амалигардонии санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои маъюбон ҳастанд баромаду маърузаҳо карданд. Ҳамзамон, Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон вобаста ҳуқуқу ододиҳои маъюбон дар асоси Конвесия оид ба ҳуқуқи маъюбон маъруза намуда иброз намуд, ки ҳуқуқу озодиҳои маъюбон ҳамеша зери назорати давлат ва ҳукумат ва шахсан зери назорати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарордорад. Баъдан аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ саволу ҷавобҳо доир карда шуд ва онҳо ба саволҳои худ аз ҷониби мутахассисони соҳа ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор