ВОХӮРИИ ИТТИЛООТӢ БО ТОЛИБИЛМОНИ МТМУ
БА НОМИ А. П. ЧЕХОВИ ШАҲРИ ХУҶАНД
Санаи 6 декабри соли ҷорӣ дар доираи «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» ва «Соли 2024 – соли маърифати ҳуқуқӣ» бо ташаббуси Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд вохӯрии иттилоотӣ бо 400 нафар толибилмони синфҳои 7-10 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи А.П.Чехови шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар чорибинии мазкур подполковники милитсия, сардори шубачаи ноболиғони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Баҳодуров Айнидин, мутахассиси пешбари Раёсати адлияи вилояти Суғд Муҳаммадзода Дилноза, мушовири шубаи маорифи шаҳри Хуҷанд Болтуев Муким иштирок намуданд.
Вохурии иттилоотиро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Ишматова Шоира Абдуганиевна оғоз намуда, ҳозиринро бо ташкилкунандагони чорабинӣ шинос намуд. Пас, сухан ба роҳбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд Ҳабиба Ҳамидова дода шуд. Ҳ. Ҳамидова бо маърӯза дар мавзуи «Нақши Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак» баромад намуд.
Сипас Муҳаммадзода Дилноза бо маърӯза дар мавзуи «Шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеа» баромад намуд.
Баҳодуров Айнидин толибилмонро бо меъёрҳои ҷавобгарии маъмурӣ дар сурати вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» шинос намуд. Маълум гашт, ки танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ нисбати 493 нафар волидайн барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда шудаанд. Инчунин нисбати ноболиғон 3533 парвандаи маъмурӣ оғоз карда шудааст. Миқдори ҷинояткорӣ низ аз ҷониби ноболиғон зиёд содир карда шуда, миқдораш ба 136 адад расидааст, ки аз он 128-тоаш нисбати ҷавонписарон ва 8-тоаш нисбати ҷавондухтарон оғоз гардидааст.
Вохурии иттилоотӣ бо суолу ҷавоб ба итмом расид. Маъмурияти мактаб арзу сипоси худро ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон расонида, умедвори идомаи чунин мулоқотҳои пурмазмун ҳастанд.