Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/4-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рўзи ҳуқуқи инсон
Рўзи 9 декабри соли 2024 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон –- Умед Бобозода ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/4-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Дар рафти боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон шинос гардид.
Шиносоӣ бо шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон нишон дод, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда шароитҳои дахлдор муҳайё карда шудааст.
Ҳангоми боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва маҳкумшудагонро бо Рўзи ҳуқуқи инсон муборакбод намуд. Инчунин дар рафти боздид бо якчанд нафар маҳкумшудагон дар алоҳидагӣ суҳбат намуда, ба саволҳои онҳо ҷавоби мушаххас дод.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ аз муассисаҳои ислоҳӣ дидан намояд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ