ДУШАНБЕ, 10.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон маҳсуб шуда, мақсад аз он ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар шахс мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки ба қабули он имсол 76 сол пур шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати амалисозии ҳамин меъёри конститутсионӣ пайваста азму талош намуда, қонунгузории миллӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон мунтазам такмил дода мешавад ва дар ин самт барномаю стратегияҳои мушаххас таҳия ва қабул карда мешаванд.
Ба маълумоти сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳад Содиқов, имрӯзҳо эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар ҷомеа маҳсуб шуда, он ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст ва давоми солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила амалӣ мешавад.
«Қабул шудани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038» қадами устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад. Стратегияи миллӣ дар асоси тавсияҳои ниҳодҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҳуқуқи инсон, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2023 пешниҳод гардида буданд, инчунин Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар доираи Рӯзнома дар самти рушди устувор барои давраи то соли 2030 қабул карда шудааст, таҳия гардида, ҳама нақшаҳои миллии мавҷуда ва қабулшаванда оид ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигарро дар самти ҳуқуқи инсон ҳамоҳанг карда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад»,-изҳор дошт ӯ.
3 Шарҳи универсалии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид
Иҷрои саривақтӣ ва самараноки нақшаҳои миллии амалҳо дар самтҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои инсон бобати амалисозии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038» нақши муҳим дорад.
Яке аз чунин санадҳо Нақшаи миллии амалҳо барои иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ мебошад. То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Шарҳи универсалии даврӣ 3 маротиба дар муҳлатҳои муқарраргардида гузоришҳо пешниҳод намудааст. Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ин механизми байналмиллӣ, аз оғози фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, яъне аз моҳи октябри соли 2011, вақте ки дар ҷаласаи якуми сессияи дувоздаҳуми Шурои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба аз рӯи ин механизми байналмилалӣ ба Шурои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон маъруза пешниҳод намуд, назаррас аст.
Бино ба иттилои Аҳад Содиқов, ҳоло амалисозии Нақшаи миллии амалҳо барои иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023 тасдиқ шудааст, идома дорад.
«Барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил шудан ба мақоми «А» мутобиқи Принсипҳои Париж яке аз ҳадафҳои муҳим арзёбӣ мегардад. Ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб дорои мақоми «В» мебошад ва барои ноил шудан ба мақоми «А» Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста саъю талош меварзад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини мутобиқати қонунгузории миллӣ ба Принсипҳои Париж Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 марти соли 2016 қабул карда шуд. Тибқи тағйирот, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи мусоидат ба ратификатсияи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ё ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо вогузор карда шуд, ки ба банди 3 зербанди «с» боби «Ваколатҳо ва функсияҳо» мутобиқат мекунад. Тибқи тағйирот, дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва расонидани ёрии машваратӣ Шурои коршиносон таъсис дода шуд, ки ба Принсипҳои Париж мутобиқат мекунад.
Бинобар қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» таъсис додани сохтори алоҳида оид ба манъи табъиз дар ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани вазифаи Омбудсмени соҳибкорӣ дар назар буда, тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар якҷоягӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ бо мақсади гирифтани мақоми А мутобиқи Принсипҳои Париж идома дорад.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, масъалаи ноил шудан ба мақоми «А» мунтазам зимни машваратҳо дар доираи сафарҳои кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ва суҳбату мулоқотҳои ӯ бо масъулини сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа- вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд
Фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Риоя ва иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, яъне волоияти қонун яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб мешавад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб мераванд. Ин аст, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад.
Аҳад Содиқов мегӯяд, ки мазмуну моҳияти меъёрҳои конститутсионии соҳаи ҳуқуқи инсон дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ба воситаи Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз мегарданд.
«Ҳанӯз соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии ӯро эътироф намуда, муқаррар намуда буд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Бо такя ба ин муқаррарот ва меъёрҳои дигари барномавӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ амалӣ гардида, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуданд»,-баён дошт мавсуф.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар ин марҳилаи мураккаби таърихӣ ва дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳон таҳкими ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсию мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Агар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа вазифаи тамоми ҷомеа ва асосан мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бошад, мусоидат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, барқарорсозӣ ва пешгирии поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. Барои рушди фаъолият дар ин самти пурмасъул аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
Таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон имкон медиҳад, ки ҳар сол доир ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазъи риояи онҳо ва нақшаҳои минбаъда барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар самти тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтиром, риоя ва ҳифзи онҳо барномаҳо доир гашта, тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шаванд.
Ёдовар бояд шуд, ки бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аввали моҳи декабр «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» гузаронида мешавад, ки давоми он чанд барномаи сатҳи баланд доир мегардад. Дар онҳо самтҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти мардум ва сатҳи риояи ҳуқуқи инсон дар ҷомеа мавриди баррасӣ ва баҳогузорӣ қарор дода мешаванд.
Бознашр аз сомонаи АМИТ "Ховар"