Иштироки намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба "Соли маърифати ҳуқуқӣ", 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҳуқуқи инсон
Дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо санаи 6 декабри соли 2024 аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бахшида ба "Соли маърифати ҳуқуқӣ", 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҳуқуқи инсон таҳти унвонии “Ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар он сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Солеҳзода З.И. иштирок ва бо маърӯза баромад намуд.
Табқи барномаи мизи мудаввар чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Директори Агентӣ оғоз гардид, инчунин намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар низоми хизмати давлатӣ” маърӯза ироа намуда, изҳор дошт, ки “инъикос ёфтани масъалаҳои афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон дар ин ё он соҳаи ҳаёт ва давлатдорӣ, хосатан дар самти таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқи инсон дар низоми хизмати давлатӣ ва нисбати хизматчиёни давлатӣ дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало инъикоси худро ёфта, яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ мегардад. Вобаста ба масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2002 қайд намудаанд, ки “Яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯз танзими муносибатҳои вобаста ба хизмати давлатӣ мебошад. Хизматчиёни давлатӣ нерӯи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд”.
Дар фарҷоми ҳамоиш, намояндагони мақомоту идораҳои давлатӣ ва дигар иштирокдорон дар мусоҳиба суханрониҳо намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ