Сафари корӣ ба ВМКБ

Сафар 2Тибқи Нақшаи кори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзҳои 25-28 сентябри соли 2017 гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар ҳайати А. Содиқов – сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак, П. Маҷидов – сармутахассис ва С. Раҳимов – мутахассиси пешбари ҳамин Шуъба дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доштанд.

Сафари хизматии мазкур бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи вилоят, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, инчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ бо мақомоти ВҲИ ҶТ анҷом дода шуд.

Рӯзи аввал аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар шаҳри Хоруғ қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандони вилоят анҷом дода шуд. То соати 1400 муроҷиатҳои шифоҳии 10 нафар шаҳрвандони вилоят баррасӣ карда шуда, ба онҳо маслиҳатҳои дахлдори ҳуқуқӣ дода шуданд. Барои баъзе аз шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки ҷиҳати ҳалли мусбии мушкилоташон тариқи хаттӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муроҷиат намоянд. Ҷоиз ба ёдоварист, ки оид ба сана ва суроғаи қабули шаҳрвандон муддати як ҳафта тавассути телевизиони вилоятӣ эълон пахш шуда буд.

Дар нимаи дуюми рӯз вохӯрии гурӯҳи корӣ бо роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ таҳти роҳбарии муовини Раиси ВМКБ Г. Орумбекова баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур аз ҷумла масъулини раёсатҳои маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Комиссияи вилоятӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак иштирок намуданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ дар муҳити озод ва ҳамдигарфаҳмӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак дар сатҳи вилоят табодули афкор намуданд. Бо пешниҳоди муовини Раиси ВМКБ Г. Орумбекова иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки бо дарназардошти натиҷаҳои мулоқоти имрӯза аз ҷониби МИҲД ВМКБ ба мақомоти ВҲИ ҶТ оид ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар вилоят гузориши таҳлилии муфассал пешниҳод карда мешавад.

Рӯзи дуюм тибқи нақшаи сафари корӣ вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хоруғ ва инчунин рӯзноманигорон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ сардори ШҲДҲК А. Содиқов оид ба фаъолияти мақомоти ВҲИ ҶТ ва салоҳияту вазифаҳои ВҲК ҶТ маълумот пешниҳод намуд. Сипас иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар шаҳри Хоруғ ибрози назар намуданд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.

Дар нимаи дуюми рӯз вохӯрии гурӯҳи корӣ ба намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатии ВМКБ, ки дар самтҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак фаъолият мекунанд, баргузор гардид. Вохӯрӣ дар муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва пурмуҳтаво гузашт. Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва махсусан Намояндагии ВҲИ ҶТ дар ВМКБ ва комиссияҳои вилоятиву ноҳиявӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии вилоят боз ҳам тақвият дода шаванд.

Дар давоми ду рӯзи сипаригашта роҳбари гурӯҳи корӣ бо рӯзноманигорон мусоҳибаҳо доир намуд ва ин мусоҳибаҳо тавассути воситаҳои ахбори оммаи ВМКБ пахш гардиданд.

Рӯзҳои сеюм ва чоруми сафари корӣ санҷиши фаъолияти Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ гузаронида шуд. Аз натиҷаҳои санҷиш ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда ба роҳбарияти Мактаб-интернат тавсияҳои дахлдори пешакӣ баён карда шуданд. Роҳбарияти Мактаб-интернат изҳор намуданд, ки дар муддати ду ҳафта оид ба иҷрои тавсияҳои гурӯҳи корӣ ба мақомоти ВҲИ ҶТ маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.

Қобили қайд аст, ки чорабиниҳои дар доираи сафари корӣ пешбинишуда дар ҳамкории зич бо Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ амалӣ карда шуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ