Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан!

Соҳибихтиёрии давлатӣ барои ҳар як фарзанди бонангу номуси ин сарзамини аҷдодӣ мояи ифтихору сарфарозӣ ҳаст ва мебошад. Ҳодисаву воқеаҳо ва тағйироту таҳаввулоти босуръати солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷикро дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои ин неъмати бебаҳо ба душвориву мушкилиҳои сангин рубарӯ овард.

Пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ба кандашавии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои пасошӯравӣ боис гардид. Ин омил тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакатро ба бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ дучор намуд. Гузашта аз ин якбора боло рафтани рӯҳияи озодфикрию гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси гурӯҳу ҷунбишҳои гуногун, надоштани таҷрибаи кофии сиёсии идории кишвари соҳибихтиёр аз ҷониби роҳбарони давр ба авҷи майдоншиниҳо, хатари парокандашавии миллат, тамомияти арзӣ ва ҷудоиандозии минтақаҳои кишвар боис гардид. Аз ҳама нангинаш он буд, ки бо айби гурӯҳу ҳизбҳо, афроди алоҳида ва дахолати бевоситаи гуруҳҳои алоҳидаи хориҷӣ кишвари мо ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ давлати навтаъсиси тоҷикон ва миллати тоҷик дар чорсӯйи тақдир дар ҳолати яъсу навмедӣ қарор гирифта, роҳу равиши минбаъда ва дурнамои пешрафташ зери суол қарор гирифт.

Вазъияти баамаломада зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, сарҷаъмии миллат, таъмини оромию субот ва ба суйи ҳаёти муътадил раҳнамун кардани мардуми тоҷик тақозо менамуд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд заминаҳои хеле мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои азим дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон асос гузошт.

Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё фарзанди баору номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва дорои ифтихори баланди миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари Давлат ба майдон омад. Дар натиҷаи азму талош ва кӯшишу пайкорҳои бемисли ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тоҷик ва Давлати тоҷикон рафъ карда шуд.Миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд.

Чумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта, дар як муҳлати кутоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдории миллӣ гашт. Ба шарофати дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар вусъати тоза ва бесобиқа пайдо намуданд. Дар натиҷаи амалисозии сиёсати сулҳҷӯёна ва бомароми хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти манфиатҳои миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисмати ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон имрӯз аз ҷониби 147 давлатҳои дунё ба расмият шинохта шуда, бо беш аз 128 давлатҳои дунё ҳамкории неки дипломатиро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон ба узвияти бонуфузтарин ташкилотҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ пазируфта шудааст.

Мо аз он ифтихормандем, ки бо азму талошҳои пайгиронаи Сарвари маҳбуби Ватанамон Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт, миллати тоҷик дар дунё муаррифӣ гашт, овози тоҷик ба гӯши аҳли башар расид ва садои тоҷик аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гашт.

Барои хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихияш ҷиҳати таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавиии миллат ба ин абармарди миллат мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат лоиқ дониста шуда, ки он аз тариқи қонун танзими ҳуқуқӣ пайдо кард. Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд. Бовар дорем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳад гирифт.

Бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ месазад қайд намуд, ки мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷик дар асоси сиёсати бобарор ва дурбинонаи Пешвои миллат дар тамоми самтҳои зиндагӣ ба дастовардҳои беназиру арзишманд муваффақ гаштанд.

Басо рамзист, ки соли 2017 аз нигоҳи баргузории рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ барои мардуми тоҷик соли фаромушнопазир аст. Зеро дар баробари таҷлили ҷашнҳои Наврузи байналмилалӣ,20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар арафаи ҷашни 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ташаббусҳои бевосита ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардида, соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид.

Ҳанӯз 23 сол муқаддам, рӯзи 16-ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расман шурӯъ кардан ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карда, ваъда дода буданд, ки тамоми кушишу ҳастиву хешро баҳри сарсабзию хуррамӣ ва пешрафти давлату миллати тоҷик равон хоҳанд кард. Гузашти солҳо собит намуданд, ки ҳар он чизеро ки Сарвари Давлат ба миллати хеш ваъда карда буданд, фаррохтар ва бештар аз он иҷро намуданд.

Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Президент, Ватани маҳбуб, миллати тоҷик, омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии  мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад.

Таърих гувоҳ ва инсоният шоҳид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки киштии умеди мардуми тоҷикро ба соҳили мурод расонад.

Ҳамкасбони азиз, дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ  атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва Тоҷикистони азиз барои наслҳои оянда ва ободию пешрафт содиқонаву софдилона хизмат намоем.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Таҷлили санаҳои фархундаи таърихи навини Тоҷикистон

16 ноябри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот чорабинии идона баргузор гардид.

Чорабиниро Раҷабмо Ҳабибулозода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки бо дарназардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соли дуюм аст, ки дар мамлакат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ҳамчунин соли ҷорӣ таҷлили ин сана ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ки як рӯйдоди тақдирсоз дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинӣ Ш.Раҷабов – сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар мавзӯи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи садоқат ва вафодорӣ» ва С.Қодирӣ – сардори Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ – оѓози марҳилаи созандагӣ» маърӯза намуданд.

Маърӯзачиён паҳлуҳои мухталифи мавзӯъҳоро матраҳ намуда, таҷлили ин санаҳоро барои арҷгузорӣ аз хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши тақдирсози Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Инчунин иброз карда шуд, ки нақш ва мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, сулҳу созгории миллӣ ва гиромидошти муқаддасоти миллӣ хело арзанда мебошад. Қайд гардид, ки иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ барои рушди имрӯзаи Тоҷикистон замина фароҳам овард. Дар ин Иҷлосия Пешвои миллат ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардида, барои таъмини сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон заҳмат кашиданд.

Зимни муҳокимарониҳо кормандони Дастгоҳи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон андешаҳои худро доир ба нақш ва аҳамияти ин чорабиниҳои муҳим дар ҳаёти имрӯза баён намуда, ҷавононро барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва қадршиносӣ аз хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба шаҳри Кӯлоб

Рӯзҳои 8-11 ноябри соли 2017 гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар ҳайати Р. Ҳабибулозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, А. Содиқов – сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак ва П. Маҷидов – сармутахассиси ҳамин Шуъба дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон қарор доштанд.

Сафари хизматии мазкур бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи вилоят, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, қабули шаҳрвандон дар маҳалҳо, таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб бо мақомоти ВҲИ ҶТ, инчунин мониторинги фаъолияти Мактаб-интернати ёрирасони №1 барои кӯдакони ноқисулақл анҷом дода шуд.

Рӯзи аввал аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Кӯлоб қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон анҷом дода шуда, ба муроҷиаткунандагон маслиҳатҳои дахлдори ҳуқуқӣ дода шуданд. Барои баъзе аз шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоташон тариқи хаттӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муроҷиат намоянд. Ҷоиз ба ёдоварист, ки оид ба сана ва суроғаи қабули шаҳрвандон қаблан тавассути телевизиони маҳаллӣ эълон пахш шуда буд.

Дар нимаи дуюми рӯз вохӯрии ВҲК бо намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла муовини Раиси шаҳр, масъулини ниҳодҳои маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб ва инчунин рӯзноманигорон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак оид ба фаъолияти мақомоти ВҲИ ҶТ ва салоҳияту вазифаҳои ВҲК ҶТ маълумот пешниҳод намуданд. Сипас иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар сатҳи ноҳия ибрози назар намуданд. Аз ҷумла, оид ба зарурияти таъсис додани муассисаҳои таълимӣ барои калонсолон дар минтақаи Кӯлоб, соддагардонии расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ барои гирифтани таҷҳизоти ёрирасон барои кӯдакони маъюб, ба мисоли аробачаҳо, асобағал, ҷиҳози шунавоӣ ва ғ. ибрози назар карда шуд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Тибқи нақшаи гурӯҳи корӣ рӯзҳои 10-11 ноябр мониторинги фаъолияти Мактаб-интернати ёрирасони №1 барои кӯдакони ноқисулақл гузаронида шуд. Аз натиҷаҳои санҷиш бо роҳбарияти Мактаб-интернат суҳбати алоҳида гузаронида шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда тавсияҳои дахлдори пешакӣ баён карда шуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро муқаррар намудааст

8bf17fee451440471f1f730788845f8d1Яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо — ин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аст. Эъломияи мазкур соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори воқеии давлати Ҳахоманишиён қабул гардидааст.

Дар кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия 6-уми ноябри соли 1994 қабул карда шудааст ва кафолати воқеии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин менамояд. Он бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат қабул гардида, амалӣ шудани меъёрҳои он, ба ғайр аз фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ, бешак, ба муносибати бошууронаи аҳли ҷомеа, ба рафтору кирдори баланди инсонӣ, ба азму иродаи мустаҳкам, нияти некуи мардуми сарбаланди тоҷик вобастагии қавӣ дорад.

Ба таърих назар афканем нахустин маротиба Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ соли 1787 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабул гардида, дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим бозид. Таърихи инсоният Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабирро хуб дар ёд дошта, дар тӯли ин таърих кишварҳо ҳангоми таҳияи конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба ҳуқуқи инсонҳо онро мавриди истифода қарор додаанд.

Агар дар ҷаҳон панҷ Конститутсияи беҳтарин бошад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз бо иродаи мустаҳками халқи тоҷик қабул гардидааст, яке аз беҳтаринҳо буда, дар панҷгонаи мазкур дохил ва эътироф карда шудааст. Дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлӯҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, ки мо бевосита онҳоро дар амал татбиқ менамоем ва ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунем.

Асоси бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ҳуқуқи инсон аст. Бе ҳуқуқи инсон мавҷудияти низоми демократӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ѓайриимкон аст. Танҳо дар шароити таъмини принсипҳои демократӣ ва қонуният ҳуқуқу озодиҳои инсон воқеан ҷой дошта метавонанд.

Бинобар ин дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд ва ин яке аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Зеро ҳар як ҷамъияте, ки мехоҳад озод зиндагӣ кунад ва дар он волоияти Конститутсия таъмин гардад, бояд ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳ зоҳир намояд. Дар навбати худ танҳо инсоне, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дар ҷамъият таъмин шудаанд, метавонад ҷомеаро обод намояд ва ба як қувваи созанда ва ободкор табдил ёбад.

Конститутсия инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда (моддаи 5), ҳамзамон муқаррар намудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумхурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд ( қисми 1 моддаи 14). Дар қисми дуюми моддаи 14 Конститутсия омадааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунад ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегардад. Яъне Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун маҳаки фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ муайян намудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро муқаррар намудааст, ки аз механизмҳои миллӣ ва байналмилалӣ иборатанд.

Механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз чунин шаклҳо иборатанд:

— Шаклҳои маъмурӣ-ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи инсон;

-Шаклҳои ѓайрисудии ҳифзи ҳуқуқи инсон;

-Шаклҳои судии ҳифзи ҳуқуқи инсон.

Яке аз шаклҳои маъмурии ҳифзи ҳуқуқи инсон шикоят овардан аз болои санадҳо ва амалҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошад(вақте ки аз болои амали (беамалии) мақомоти поёнӣ ё шахси мансабдор ба мақомоти болоӣ шикоят карда мешавад).

Шакли дигари маъмурии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Президенти мамлакат амалӣ намудани салоҳияти конститутсиониашон мебошад. Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар асоси моддаи 64 мураттабии фаъолияти ҳокимияти иҷроияро дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, фаъолияти ин мақомотҳоро назорат мебарад, аз ҷумла тавассути Дастгоҳи худ.

Ҳамин тариқ хулоса кардан мумкин аст, ки дар ҷумҳурӣ воситаҳои зарурии ҳифзи ҳуқуқи инсон мавҷуданд. Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии ҳимояи давлатиро муайян намудааст ва аз таъмин ва риояи онҳо раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд вобаста аст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

www.payomidushanbe.tj

Конститутсия нишонаи муҳими давлатдорист

1014126167Ватани Конститутсия Англия мебошад, ҳарчанд ки дар он ҷо дар шакли санади ягона вуҷуд надорад. Он дар шакли санадҳои алоҳидаи конститутсионӣ дар даврони инқилоби буржуазии ин давлат пайдо шудааст, Санад (Билл) дар бораи ҳуқуқҳо (соли 1689), Санад дар бораи давлати озод эълон намудани Англия (соли 1649), Санад дар бораи барҳам додани Палатаи лордҳо (соли 1649) аз ҳамон ҷумлаанд. Аввалин Конститутсия дар шакли санади алоҳида Конститутсияи ИМА (соли 1787) мебошад.

Мусоҳиба бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ Зариф Ализода

— Бисту се сол қабл зарурати қабули нахус­тин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро кадом заминаҳо фароҳам оварданд?

— Яке аз заминаҳои асосӣ соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи Конститутсия ба расмият даровардани он буд, зеро Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳими давлатҳо мебошад. Бе Конститутсия давлатдориро тасаввур кардан номумкин аст. Ҳамчунин, зарур буд, ки мақсади давлати соҳибистиқлол, ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, дар Қонуни асосии он сабт гардад.

Қабули Конститутсияро барпо намудани муносибатҳои мукаммали байналмилалӣ, ба вуҷуд омадани муносибатҳои комилан нави ҷамъиятӣ дар асоси арзишҳо ва принсипҳои нави ҷомеа (гуногуншаклии моликият, плюрализми сиёсӣ ва мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ) низ талаб мекарданд. Ин воқеият ҳамчунон тақозо мекард, ки масъалаҳои бунёдии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ тағйир дода шаванд, зеро онҳо асоси давлату давлатдориро устувор мегардонанд ва бояд дар матни Конститутсия инъикос ёбанд.

— Ба қавли коршиносон, Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ низ дар қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим дорад.

— Маҳз ба шарофати ин иҷлосияи таърихӣ, ки сохтори конститутсионӣ барқарор ва қонунияту тартибот ҷорӣ шуд, имкон фароҳам омад, ки кор дар самти таҳияи лоиҳаи Конститутсия оғоз гардад. Бо қарори Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии Сарвари давлат – Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов таъсис ёфт ва моҳи ноябри соли 1993 гурӯҳи корӣ аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон созмон дода шуд. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия гурӯҳи корӣ шароиту хусусиятҳои мамлакат ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро пурра ба инобат гирифт.

— Ҳадафи асосии қабули Конститутсия бо роҳи ­раъйпурсии умумихалқӣ аз чӣ иборат буд?

— Зимни суханронӣ дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20 июли соли 1994 баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Оид ба ислоҳоти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ, тарзи қабули Конститутсия, муҳлати интихоботи Президент, Парламенти ҷумҳурӣ фикру ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Ман бар он муътақидам, ки Қонуни асосиро ба воситаи раъйпурсӣ ва Президентро ба тариқи умумихалқӣ интихоб намудан лозим аст».

Ин пешниҳоди Сарвари давлат ба ду манбаи бисёр муътамад асос меёфт. Яке аз он таҷрибаи талхи солҳои сипаришуда буд, ки Шӯрои Олӣ бо талаби гурӯҳе аз вакилон дар як рӯз якчанд тағйирот ба Конститутсия ворид мекард, ки дар баъзе маврид онҳо якдигарро ҳатто инкор мекарданд. Дуюм, ҳокимияти халқ, ки дар Конститутсия муқаррар шудааст, бояд ба воситаи халқ амалӣ карда мешуд. Аз ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосия иброз доштанд: «Раъйпурсии умумихалқӣ аввалин қадаме хоҳад буд дар заминаи таъсиси низоми давлатдории нав ва эҷоди асосҳои нави ҳаёти сиёсии Тоҷикистон. Аз ин роҳ мо, воқеан принсипи соҳибихтиёрии халқро татбиқ намуда, барои худ ва ҷаҳониён эълон мекунем, ки ягона манбаи ҳокимият халқ аст ва иҷрои ҳукми он барои ҳар узви ҷомеа ҳатмист».

— Дар робита ба нақши меъёрҳои Конститутсия дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ чӣ андеша доред?

— Конститутсия ба шумули қонуни олии давлат дар низоми қонунҳо дар сатҳи олӣ қарор дорад ва меъёрҳои он муносибатҳои бунёдии ҷомеаро танзим менамоянд. Дар моддаи даҳуми он таъкид шудааст, ки «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».

Эътибори олӣ доштани Конститутсия аз он бармеояд, ки муносибатҳои асосӣ, муайянкунанда ва бунёдии ҷомеаро танзим менамояд. Дигар муносибатҳо аз онҳо маншаъ мегиранд. Муҳимияти ин муносибатҳоро ба инобат гирифта, Конститутсия ба таври махсус, аз ҷумла аз тариқи раъйпурсӣ, қабул мегардад. Дар асоси Конститутсия дигар қонунҳо қабул мешаванд, ки меъёрҳои Конститутсияро ба роҳбарӣ гирифта, онҳоро инкишоф медиҳанд, шаклҳо, тартиб ва роҳҳои амалишавиашонро муайян мекунанд. Тавре қайд гардид, меъёрҳои Конститутсия низ мустақиман амалӣ мегарданд, мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда метавонанд бевосита онҳоро дар ҳалли масоили мушаххас ба роҳбарӣ гиранд ва татбиқ намоянд. Ҳангоми ба вуҷуд омадани мухолифати байни меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, меъёрҳои Конститутсия мавриди татбиқ қарор дода мешаванд, зеро онҳо эътибори олии ҳуқуқӣ доранд.

Дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибис­тиқлол қонунҳои зиёде қабул шудаанд, ки онҳо меъёрҳои Конститутсияро инкишоф дода, ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро ба танзим дароварданд. Ин имкон дод, ки ҷомеа ба таври устувор ва пайваста пеш равад.

— Солҳои соҳибис­тиқлолӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардид. Моҳияти онҳо аз чӣ иборат аст?

— Конститутсия ба мисли дигар мавҷудот дар ҳолати рушду такмил қарор дорад. Он бо рушди ҷомеа, инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва байналмилалӣ мукаммал мегардад. Рушди Тоҷикис­тони соҳибистиқлол дар ин муддат гувоҳи ин гуфтаҳост. Аз ҷумла, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ зарурат пеш омад, ки бо мақсади таҳкими ризояту ваҳдати миллӣ ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шаванд. Аз ҷумла, тибқи ин тағйирот (соли 1999) дар мамлакат парламенти думаҷлиса таъсис ёфт, ки ҳоло бомуваффақият фаъолият дорад.

Тағйироти соли 2003 меъёрҳои Конститутсияро мукаммал намуда, барои устувории ҳокимияти давлатӣ, ҳамкории миёни мақомоти он, рушди босуръат ва устувори соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Тағйироти охир, ки ба Конститутсияи мамлакат соли 2016 ворид гардид, ҳокимияти марказӣ ва маҳаллиро мукаммал намуд, имконияти васеи конститутсиониро барои суботу устуворӣ ва ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистон муҳайё кард. Аз ҷумла, савганд ёд кардани шаҳрвандоне, ки ба мансабҳои олии давлатӣ (аъзои парлумон, аъзои ҳукумат ва дигарҳо) интихоб мешаванд, кафили он мебошад, ки ин шахсон барои халқу Ватан бовиҷдонона ва содиқона хизмат намоянд.

— Барои бештару беҳтар аз имкониятҳои Конститутсия истифода бурдан чӣ бояд кард?

— Пеш аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд китоби рӯимизии ҳар нафар бошад. Баъдан, барои беҳтар аз худ кардани меъёрҳои Конститутсия зарур аст, ки китобу ҷузваҳо (брошураҳо) ва дигар васоити иттилоотӣ омода ва интишор карда, дастраси ҳама гардонда шаванд. Ба таври дигар гӯем, таблиғоти омӯзиши Конститутсияро ҷоннок бояд кард.

— Ба ҳифзи Конститутсия ва риояи ҳатмии муқаррароти он чӣ гуна ноил шудан мумкин аст?

— Бо мақсади ҳифзи ҳамаҷонибаи меъёрҳои Конститутсия дар давлатҳои демократӣ мақомоти назорати конститутсионӣ (судҳои конститутсионӣ, шӯроҳои конститутсионӣ) таъсис дода мешаванд, ки таъиноти асосии онҳо таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсия мебошад. Суди конститутсионӣ бо тарзу воситаҳое, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ кардааст, Конститутсияро ҳифз менамояд. Аммо, танҳо ба воситаи Суди конститутсионӣ ба ин мақсад ноил шудан мушкил аст. Зарур аст, ки шаҳрвандон, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, мақомоту сохторҳои ҷомеа Конститутсияро муқаддас шуморанд, эҳтирому риояи меъёрҳои онро қарзи шаҳрвандии худ донанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

http://sadoimardum.tj/

Конститутсия ва ҷавонон

8bf17fee451440471f1f730788845f8d1Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи мустаҳками халқи тоҷик санади тақдирсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Он имрӯз ба панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардидааст, зеро дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлӯҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Бо амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи имрӯзаи мо бояд маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон боло бурда шавад. Имрӯз мо мебинем, ки нисбат ба солҳои қаблӣ мардуми Тоҷикистон фаъол шуда, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқияшон низ аллакай ба таври назаррас боло рафтааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд ва онҳо бо иштироки бевоситаи халқи Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Иштироки фаъолонаи мардум аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар сатҳи зарурӣ маълумот доранд. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ҳадаф аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо беҳтар кардани ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо мебошад, ки дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ эътироф карда шудаанд. Дар таркиби тағйиру иловаҳои ахир пеш аз ҳама, ба ҷавонон диққати бештар дода шудааст ва барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат шароити баробар фароҳам овардааст.

Қисмати муҳими тағйиру иловаҳо идомаи мантиқии пиёдашавии ҳидоятҳои бузургу стратегии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии давлатии ҷавонон аст, зеро дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки чӣ гуна ба ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги созандаву бунёдкор дастгириҳои беназир сурат мегиранд. Қабули барномаҳои давлатии беҳбудбахшӣ ба раванди босуръати рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти ҷавонон, фароҳамсозии шароит ва имкониятҳо барои таҳсили озодона дар дохил ва хориҷи кишвар ба хотири ҳамқадами замон будан, таъини онҳо ба мансабҳои масъули давлативу ҷамъиятиро метавон аз ҷумлаи чунин тадбирҳо донист.

Тағйироти аз ҳама муҳим барои ҷавонон аз синни 35 ба 30–солагӣ поён фаровардани синну соли номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе мебошад. Имрӯз беш аз 70 фисади аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Яъне, тасмими ворид кардани ин тағйирот бесабаб нест. Барои эътирофи ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа иродаи на ҳар нафар имкон медиҳад. Аммо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҷавононро ҳамчун нерӯи муқтадир эътироф менамоянд, балки бо онҳо ифтихор дошта, дар такя ба ҷавонон ҳадафҳои бузурги давлатдории миллиамонро амалӣ карда истодаанд.

Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки ин меъёр ба пешрафти иқтисоди миллӣ, тақвияти низоми таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг такони ҷиддӣ бахшид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои нишона ва хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои бунёди давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд замина гузошта, дар илми муосири ҳуқуқ ҷузъи таркибии қонунҳои сатҳи олӣ эътироф гардидаанд. Яке аз онҳо афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ки аз ҳуқуқҳои табиии инсон маншаъ гирифта, бо кафолати давлатӣ таъмин карда мешавад. Давлати Тоҷикистон мустаҳкам ва шикастнопазир будани ин ҳуқуқу озодиҳо ва масъулияти давлатиро барои риоя ва ҳифзи онҳо эътироф менамояд.

Ба роҳ мондани омӯзиши Конститутсия дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ барои такмили донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ба воя расонидани насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносию ватандӯстии онҳо, тарғиби арзишҳои демократӣ, таъмини фаъолнокии сиёсии ҷавонон дар идораи давлатӣ, ҳамчунин аз синни наврасӣ бархӯрдор будани шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худ мусоидат мекунад.

Фароҳам овардани шароит барои таҳсил имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон, сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, ба омӯзиш ҷалб карда шаванд. Дар низоми мактабҳои олӣ вобаста ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ ва вазъи иқтисодии табаққаҳои гуногуни ҷомеа шаклҳои ройгон ва пулакии таҳсил ба роҳ монда шудаанд. Ҷавонон дар масъалаи интихоби шакли таҳсил комилҳуқуқ мебошанд. Хароҷоти таҳсилро дар гурӯҳҳои шакли таҳсилашон ройгон худи давлат пардохт мекунад. Давлат барои гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандон истифодаи бепули хизматрасонии тиббиро муқаррар кардааст. Нафақахӯрон, собиқадорони ҷангу меҳнат, гурӯҳҳои муайяни маъюбон ва ятимон аз хизматрасонии тиббӣ ба таври имтиёзнок истифода мекунанд.

Дар моддаи 14 афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва аз ҷониби на фақат Конститутсия ва қонунҳои дохилӣ, балки санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ эътироф ва ҳифз шудани онҳо таъкид шудааст. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро барои эътиқоди динӣ ва фаъолияти динӣ маҳдуд намекунад. Танҳо он иттиҳодияҳои ҷамъиятие манъ карда мешаванд, ки нажодпарастию миллатгароӣ, хусумату бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд. Давлат дар он маврид ба фаъолияти ташкилотҳои динӣ дахолат мекунад, ки агар ба ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, низом ва суботи сиёсӣ ва амнияти иҷтимоӣ хатар эҷод карда шавад.

Инсон дар Тоҷикистон арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир мегардонад. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад. Ҳама чиз дар давлат ва ҷомеа барои қонеъ гардондани талаботи инсон равона шудааст. Ин нукта дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он хотир таъкид шудааст, ки таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ онро собит сохтааст

Имрӯз Тоҷикистон дар шароити Истиқлолияти давлатӣ барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти давлатдорӣ аз диди тоза назар андохта, беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муайян карданист, ки метавонанд манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дилпурона дифоъ намоянд.

Аз назари ҳуқуқӣ ҳуқуқи инсон маҷмӯи имкониятҳои дар доираи қонун муқарраршудаи амал аст, ки вазъи ҳуқуқии шахсро дар ҷомеа муқаррар мекунад. Дар фарқият аз озодӣ ҳуқуқи инсон нисбатан мушаххастар буда, дар он уҳдадории субъекти дигар, аз ҷумла давлат дар муқобили ҳуқуқи инсон муқаррар мегардад, ки бидуни он зиндагии мутамаддини инсон номумкин аст.  Озодӣ ифодаи ҳуқуқии мухторияти фард аст, ки истифода бурдан аз он ба иродаи инсон вобаста аст. Дар муқобили озодии инсон уҳдадориҳо мушаххас нестанд, дигарон танҳо масъуланд, ки ба иҷрои он монеъ нашаванд. Чунончи, касе ҳақ надорад ба ҳаракати озоди инсон дар қаламрави кишвар монеъ шавад. Чунки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Муҳаммад САЛОҲИДДИНОВ, корманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

http://javonon.tj/news/youth/ 02.11/17

Конститутсия унсури муҳими давлатдории навин

2 ноябри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба муносибати 23-юмин солгарди қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи ВҲИ мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро З.АлизодаIMG_0100, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт. Қайд карда шуд, ки Конститутсия унсури муҳими давлатдории навин мебошад. Халқи тоҷик ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ иродаи худро бевосита тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ифода намуда, 23 сол муқаддам ҳамин Конститутсияро қабул намуд ва таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол собит менамояд, ки халқи куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик дар интихоби роҳи ҳаёти худ ва давлатдории навини тоҷикон хато накардааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд азму талошҳо ва саҳми барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Сарвари давлат ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд, ки «Мо таҷрибаи ҷаҳонии давлатдорӣ, омилҳои сиёсиву иқтисодӣ ва милливу фарҳангии мамлакатро дар марҳилаи гузаштаву имрӯза омӯхта, роҳи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро интихоб намудем».

Дар мизи мудаввар хамчунин Содиқов А.М. – сардори Шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар мавзӯи «Конститутсия ифтихори мо» маърӯза намуд. Дар маърӯза оид ба таърихи таҳия ва қабули аввалин конститутсияҳо, нақши онҳо дар рушду такомули давлатҳо маълумот дода шуд. Маҳз бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикитон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф шуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ З.Ализода мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, изҳори боварӣ намуданд,ки Конститутсия ҳамчун шоҳсутуни сулҳу ваҳдат ва раҳнамо садсолаҳо ба халқу давлати тоҷикон хизмат хоҳад кард.

Хадамоти матбуотии ВҲИ