5 май Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маюбон

5 май дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маюбон таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон мебошад. Бино ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард одамон ягон навъи маъюбиро дороянд, ки ин шумора 15 фоизи аҳолии курраи заминро ташкил медиҳад. Беш аз 100 миллион нафар маъюбон кӯдакон мебошанд. Ҳамасола бо сабабҳои гуногун беш аз 700 ҳазор нафар маъюб мегарданд.

Дар Тоҷикистон барои шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шуда истодаст. Ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад. Барои таҳсилоти кӯдакони маъюбиятдошта дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ тадриҷан шароит муҳайё карда мешаванд. Инчунин дар муассисаҳои махсуси таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакони маъюб бо таҳсилоти умумӣ фаро гирифта мешаванд. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» маъюбони гурӯҳҳои I ва II ҳуқуқи пардохти имтиёзноки ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ (ба ғайр аз қувваи барқ, гази табиӣ) ва телефон, инчунин имтиёзи ба моликияти шахсӣ харидани хонаи давлатии истиқоматиашонро дар ҳаҷми 50 фоиз ва ҳуқуқи бе навбат ва ройгон ба хонаҳояшон гузаронидани хатти телефон, барқ, газ ва оби нӯшокиро доранд. Маъюбон дар асоси хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба табобати ройгон ва ё имтиёзноки санаторию курортӣ, бе навбат гирифтани роҳхат ва рафтуомади ройгон ба маҳалли табобат бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии санадҳои асосии байналмилалӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷиҳати таъмини шароит барои шахсони маъюбиятдошта саъю талош менамояд.

Дар доираи чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 22 марти соли 2018 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонид, ки ғамхории Пешвои миллатамонро нисбати шахсони маъюб ифода менамояд.

Баимзорасонии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ба давлатҳои иштирокчӣ имкон медиҳад, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва сиёсати миллиро вобаста ба масъалаҳои шахсони маъюб қавӣ намоянд ва барои беҳтаргардонии ҳаёти онҳо мусоидат намоянд.

Қобили зикр аст, ки Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ва Протоколи иловагї ба он аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттањид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, барои баимзорасонӣ, ҳамроҳшавӣ ва ба тасвибрасонӣ ба давлатҳои иштирокчӣ пешниҳод карда шудааст.

Дар моддаи 1-и Конвенсия омадааст, ки мақсади асосии Конвенсия аз ҳавасмандкунӣ, ҳимоя ва таъмини татбиқи пурра ва баробари тамоми ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби ҳамаи маъюбон, инчунин ҳавасмандкунӣ, эҳтироми шаъну шарафи ба онҳо хос иборат аст.

Бобохонов С. С.
Муовини Сардори шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ,
иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон