Мизи мудавар бахшида ба 21-солагии Ваҳдати миллӣ

Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар Ваколатдор оид ба ҳуқуқ инсон, Зариф Ализода, Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳабибулозода Р. роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомот иштирок намуданд.

Зариф Ализода ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо расидан ба Ваҳдати миллӣ тавонист сулҳу суботро пойдор намояд ва барои эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона кӯшишҳои пайгирона карда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эҳтиром, эътироф ва ҳифз намуда, миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мақому манзалати худро пайдо намояд.

Сипас С.Раҳимов — сармутахассиси шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ ва аҳамияти он барои насли ҷавон” маърӯза намуд. Дар маърӯза нақши созанда ва хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳ ва таҳкими минбаъдаи он, ба тасвиб расидани “Созишономаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ва зарурияти ташвиқу тарғиб ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ ба насли ҷавон махсусан қайд карда шуд.

Дар қисмати муҳокимаи маърӯза иштирокчиёни мизи мудаввар нақши тақдирсози Ваҳдати миллиро дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва махсусан дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар охир З.Ализода кори мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик ва таҳният гуфта, ҳамагонро барои расидан ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ даъват намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

26.06.18