Иштирок дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон – нишондиҳандаи рушди муосири давлат»

СаратовРӯзҳои 16-18 сентяри соли 2018 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон – нишондиҳандаи рушди муосири давлат», ки ба муносибати 20 — солагии таъсис ёфтани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Саратови Федератсияи Россия дар маҷлисгоҳи Академияи давлатии ҳуқуқшиносии шаҳри Саратов баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар конференсия масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон, ки нишондиҳандаи инкишофи давлати иҷтимоии ҳуқуқбунёд  мебошанд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон – шарти муҳими ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон: таҷрибаи Тоҷикистон» баромад кард.

Ҳангоми баргузории конференсия Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Москалкова Т.Н. — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия, Журик Т.В. — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Саратови Федератсияи Россия ва дигар ҳамкасбони худ аз минтақаҳои Федератсияи Россия вохӯриҳои судманд анҷом дод.

Ҳангоми вохӯрӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  вилояти Саратови Федератсияи Россия ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои худро минбаъд тақвият мебахшанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

Шахриноав 1Дар доираи амалисозии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017 тасдиқ шудааст ва дар асоси Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2018 рӯзи 18 сентябри соли 2018 дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамчун механизми иловагии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузор намудани мизи мудаввари мазкур баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони МИҲД, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ ва аҳолӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазифаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (ВҲК) дар самти мазкур, инчунин муаррифии фаъолияти Қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ дар шаҳри Турсунзода дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон буда, дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ (сохторҳои МИҲД, суд, прокуратура, РВКД, ШВКД, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ғ.), иштирок ва баромад намуданд.

Тибқи барнома чорабиниро бо суханони ифтитоҳӣ муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Неъматуллозода Шоиста Неъматулло, ки ҳамзамон раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки МИҲД мебошад ҳусни оғоз бахшида, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои баргузор намудани мизи мудаввар ва актуалӣ будани мавзӯи интихобшуда изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Зимни баромад Неъматуллозода Ш. қайд намуд, ки вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ва иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон масъулини ноҳия диққати ҷиддӣ дода, саривақт ба Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳисоботҳои даврии худро пешниҳод менамоянд.

Зимни баромади худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Р. дар мавзӯи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамчун механизми иловагии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба таъсисёбӣ, ваколат ва салоҳияти
мансаби мазкур, Стратегияи фаъолият, санҷишу мониторингҳо ва пешрафту мушкилоти ҷойдошта дар самти пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар ҷумҳурӣ, дар бораи фаъолияти ВҲК дар соли 2017, пешниҳод намудани Маърӯзаҳои миллӣ ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва ду Протоколи иловагӣ ба он, тавсияҳои аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ ба Тоҷикистон пешниҳодшуда, нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо, зарурати фаъол гардонидани кори комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва нақши онҳо дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Шахринав 2Баъдан тибқи барнома ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – А.Солиев баромад намуд. Аз ҷумла, зимни баромад вобаста ба расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (ШУД), тавсияҳои даври аввали ШУД (соли 2011) ба Тоҷикистон ва тавсияҳои даври дуввуми ШУД (соли 2016) ва умуман уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳия шудани нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои расмиёти ШУД барои солҳои 2017-2020, вазифаи шахсони тамос – масъулони иҷрои тавсияҳои мақомоти Созмони Милали Муттаҳид дар МИҲД ва дигар масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, тартиби пешниҳод намудани гузориш ба Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва мушкилиҳо дар ин самт гуфта шуд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи расмиёти ШУД ва Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2017-2020, ки аз 33 банд иборат аст сар карда аз соли 2017 як қатор корҳоро ба сомон расонид. Дар умум тибқи тавсияҳои мақомоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ба Тоҷикистон аз соли 2010 то имрӯз 1037 тавсия пешниҳод шуда, айни замон дар асоси ин тавсияҳо якчанд нақшаҳои милли амалҳо таҳия ва иҷро шуда истодаанд.

Роҳбари ҚҶ ВҲИ Назирова Баҳринисо вобаста ба таҷрибаи фаъолияти Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Турсунзода ба щозирин иттилоъ дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар соли 2018, 6 муроҷиати сокинони ноҳияи Шаҳринав қабул ва баррасӣ карда шудааст.

Муроҷиатҳои воридшуда аз ҷониби сокинони ноҳияи Шаҳринав аслан ба масъалаҳои оилавӣ, аз қабили муқаррар намудани падарӣ, ситонидани алимент, маскун намудан ва гирифтани молу мулки дар давраи хонадоршавӣ бадастомада вобаста мебошанд, ки ба ҳамаи онҳо ёрии ҳуқуқии якумдараҷа расонида шудааст.

Зимни музокира аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ташкил намудани тренинг ва мизҳои мудаввар дар ҷамоат ва маҳалҳои дурдасти ноҳия, ташкил намудани машваратҳои сайёри роҳбари ҚҶ ВҲИ дар ноҳияи Шаҳринав пешниҳод карда шуд.

Азиз Солиев — Ёрдамчии Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

Точикобод-1Дар доираи амалисозии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017 тасдиқ шудааст ва дар асоси Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2018 рӯзи 14 сентябри соли 2018 дар ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамчун механизми иловагии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузор намудани мизи мудаввари мазкур баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони МИҲД, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ ва аҳолӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазифаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (ВҲК) дар самти мазкур, инчунин муаррифии фаъолияти Қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ дар ноҳияи Рашт дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон буда, дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ (сохторҳои МИҲД, суд, прокуратура, РВКД, ШВКД, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ғ.), иштирок ва баромад намуданд.

Тибқи барнома бо суханони ифтитоҳӣ Раиси ноҳия – Нодираи Маҳмадисо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ – Ҳабибулозода Раҷабмо ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Азиз Солиев – ҳамоҳангсози лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ» баромад намуда, оид ба мақсаду мазмун, муҳимият ва мубрамияти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таъкид карданд.

Сипас аз рӯи барнома Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ – Ҳабибулозода Раҷабмо дар мавзӯи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамчун механизми иловагии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба таъсисёбӣ, ваколат ва салоҳияти ВҲК, Стратегияи фаъолият, санҷишу мониторингҳо ва пешрафту мушкилоти ҷойдошта дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар ҷумҳурӣ,  фаъолияти Ваколатдор дар соли 2017 ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ҳамчунин дар бораи нақши комиссияҳои маҳаллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак ва зарурати ҷоннок намудани кори онҳо қайд карда шуд.

Точикобод-2А. Солиев – ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзӯи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017-2020, вазифаи шахсони тамос – масъулони иҷрои тавсияҳои мақомоти Созмони Милали Муттаҳид дар МИҲД ва дигар масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, тартиби пешниҳод намудани гузориш ба Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон баромад намуд.

Роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ноҳияи Рашт Абдуллоев С. низ баромад намуда, вобаста ба таҷрибаи фаъолитяти Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ноҳияи Рашт дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, гузаронидани медиатсия, пешравиҳо ва мушкилотҳо дар ин самт қайд ва якчанд мисолҳои мушаххас, аз ҷумла вобаста ба муроҷиатҳои аз ноҳияи Тоҷикобод ба ҚҶ ВҲИ воридшуда ба самъи ҳозирин пешниҳод намуд.

Аз ҷумла, зимни баромади худ Роҳбари ҚҶ қайд намуд, ки гарчанде дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медиатсия» қабул нашуда бошад ҳам ВҲИ, ВҲК, Намояндагиҳо ва ҚҶ ВҲИ дар фаъолияти кории худ таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои мутараққии ҷаҳонро истифода бурда, медиатсия – яке аз механизмҳои алтернативии ҳалли баҳсҳои тосудиро ба кор мебаранд.

Оид ба ин масъала роҳбари ҚҶ ВҲИ аз таҷрибаи 2 соли охир андӯхтаи ҚҶ ВҲИ дар самти мазкур маърӯза карда, қайд намуд, ки аксарияти муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи медиатсия дида баромада шудаанд, баҳсҳо оид ба руёнидани алимент барои кӯдакони ноболиғ, робитаҳои оилавӣ, гирифтани молу мулки дар давраи арусӣ туҳфашуда, муошират бо кӯдак ва бартараф кардани монеъагӣ, мушкилоти манзил ва аз ҳама бештар надонистани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ташкил медиҳанд.

Сипас аз рӯи барнома саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифта, дар он намояндагон аз МИҲД ноҳияи Тоҷикобод, суд, прокуратура, ШВКД ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолона иштирок намуданд.

Саволҳо бештар ба масъалаҳои фарзандхонӣ, андозаи кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, алимент ва ғайраҳо алоқаманд буда, ҳамаи саволдиҳандагон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Иштирокчиёни чорабинӣ пешниҳод намуданд, ки чунин мизҳои мудаввар ва вохӯрӣ бо аҳолӣ бештар гузаронида шаванд.

Азиз Солиев — Ёрдамчии  Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оқибатҳои риоя накардани Қоидаи «90 рӯза»-и будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия

мигрантМоддаи 5 Қонуни федералӣ № 115-ФЗ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» муқаррар намудааст, ки муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Федератсияи Россия (ФР) бе гирифтани раводид (виза) ворид мешаванд, дар як давра аз навад шабонарӯз зиёд буда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин муҳлат бо тартиби муқаррарнамудаи  Қонуни мазкур дароз карда нашуда бошад.

Муҳлати будубоши муваққатии шаҳрванди хориҷӣ дар ФР (90 рӯза) ҳангоми аз ҷониби ӯ гирифтани иҷозати кор (патент), дароз намудани муҳлати патент ё аз нав ба расмият даровардани патент дароз карда мешавад. Дар сурати дароз карда нашудани муҳлати амали патент ё бекор карда шудани патент, шаҳрванди хориҷии мазкур вазифадор аст аз ҳудуди ФР берун барояд.

Мутаассифона бар хилофи талаботи ин меъёри қонун дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ тамоюли зерини ворид шудан ба ҳудуди ФР ва баромадан аз он ба назар мерасанд:

-воридшавӣ ва дар муҳлати 3 моҳ муроҷиат накардан барои гирифтани патент;

-баъди гузаштани муҳлати 3 моҳа баромадан аз ҳудуди ФР.

Дар ҳолатҳои зикргардида қоидаҳои убуркунии сарҳади давлатии ФР вайрон карда мешавад.

Аз мазмуни моддаи 5 Қонуни мазкур бармеояд, ки шаҳрванди хориҷии ба ФР воридшуда, ки фаъолияти меҳнатиашро дар давоми 3 моҳ қонунӣ накардааст, бояд онро тарк намуда, дар муддати 3 моҳ набояд ба ҳудуди он ворид шавад. Дар акси ҳол будубоши ӯ дар ФР ғайриқонунӣ ҳисобида шуда, нисбати ӯ чораи ҷазои манъи воридшавӣ бо муҳлатҳои зерин татбиқ шуданаш мумкин аст:

-ҳангоми будубоши ғайриқонунии  то 170 шабонарӯз ба муҳлати то 3 сол манъи воридшавӣ;

-ҳангоми будубоши ғайриқонунии  аз 170 то 270 шабонарӯз ба муҳлати то 5 сол манъи воридшавӣ;

-ҳангоми будубоши ғайриқонунии  зиёда аз 270 шабонарӯз ба муҳлати 10 сол манъи воридшавӣ.

Аз ин рӯ муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳатман бояд қоидаи «90 рӯза»-ро риоя намуда, баъди воридшавӣ ба ҳудуди ФР аз қайди муҳоҷиратӣ гузаранд ва будубоши худро бо гирифтани патент қонунӣ намоянд. Дар акси ҳол вазифадоранд баъди 90 рӯз ҳудуди Федератсияи Россияро тарк намуда, баъди гузаштани 3 моҳи тарк кардани ҳудуди ФР  бо корти муҳоҷиратии нав боз ба ФР ворид шаванд.

М. Ашӯров,
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соҳибистиқлолӣ ва ҳавасмандии истеҳсолкунандагони ватанӣ

Ба истиқболи  27-умин солгарди
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибихтиёр ифтихор аз он карда метавонанд, ки  давлати Тоҷикистонро давлатҳои дунё  ба расмият шинохтаву эътироф намудаанд. Кишварамон бо аксар давлатҳо муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаву ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ шомил гардидааст. Парчами мо дар қатори дигар давлатҳои узви СММ парафшонӣ мекунад. Имрӯз моро  дар арсаи ҷаҳон рамзҳои муқаддаси давлати Тоҷикистон –Парчам, Нишон ва Суруди миллиамон муаррифӣ менамояд. Ин ҳама шараф аст ва иқболи баландест барои ҳар як фарди тоҷикистонӣ.

 Бояд гуфт, ки ин ҳама дастовардҳои беназир ва иқболу сарфарозиҳо бо кӯшишҳои ҷонфидоёнаи Сарвари давлатамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  хиради азалии мардуми Тоҷикистон ва аз файзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насибамон гардид.

Бо шарофати Истиқлолияти воқеӣ, ки бо ҳиссиёти ватандӯстӣ ва нангу номуси шаҳрвандии ҳар яки мо тавъам аст, дар ин 27 соли соҳибистиқлолӣ халқи кишвар дар тамоми ҷабҳаҳои меҳнатӣ ба пешравиҳои бузург ноил гардиданд. Аз ҷумла, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ ва истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ ба таври муназзам тамоили болоравӣ дошта, ин самти фаъолият пайваста таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон қарор дорад.

Пешвои миллат бахусус, ба масъулаи таъмини аҳолии кишвар бо молу маҳсулоти хушсифати ватанӣ, таъмин кардани бозори истеъмолӣ аз ҳисоби маҳсулоти дохилӣ,  истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ этибори хоса  равона намудаанд.

Дар заминаи чунин таваҷҷуҳи Сарвари давлат эълон гардидани моратория ба ҳама намуди санҷишҳои корхонаҳои истеҳсолӣ  имкони воқеӣ фароҳам овард, ки истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ  рушд ёфта, ҳавасмандии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва соҳибкорон таъмин гардад.

Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ва дар рафти  ирсоли  паёмҳои раҳнамояшон борҳо қайд  намуданд, мақсади ниҳоии мо ин таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад ва хушбахтона, мо ба ин ҳадафи худ тадириҷан муяссар мешавем.  Назари дурбинои Пешвои миллат возеҳ намуд, ки дар соли 2030 аҳолии малакат қариб ба 13 миллион нафар мерасад. Бо дарназардошти ин ҳолат, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд сол то сол ба маротиб боло бардошта шавад. Аз ин рӯ, бо вуҷуди ҳолати ноустувори иқтисодиёти ҷаҳони муосир, заиф гардидани механизмҳои идоракунии низоми молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини суботи иқтисодӣ ва дар ҳамин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва афзоиши табақаи дорои даромади миёнаи аҳолӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намоем.

 Изҳори умедвории Сарвари давлатамон он аст, ки дар ҳаллу фасли масоили вобаста ба таъмини татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои муайянгардида бояд ҳар як фарди кишвар саҳми ватандӯстонаи худро гузорад. Барои татбиқи муваффақонаи ин мақсади бузург дар марҳилаи кунунӣ ва таъмини рушди дарозмуддат Президенти кишвар якчанд самтҳоро муайян ва нишон доданд. Аз ҷумла, мо бояд сохтори ташкилӣ ва соҳавии иқтисоди кишварамонро таҷқвият ва такмил диҳем. Иҷрои ин вазифа бошад, он лаҳзае имконпазир аст, ки агар мо аз дастовардҳои илм ва технология, навовариҳои истеҳсолӣ ва нерӯи сатҳи муосири ақлонӣ истифода намуда, навсозии соҳаҳои иқтисоди миллиро амалӣ намоем. Чуноне Пешвои миллат ёдраси масъулин намуданд, коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, идома додан ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод ва хусусан, саноат ва кишоварзӣ дар ин раванд нақши муҳим доранд.

Президенти кишварамон дар мавриди фаровонии бозори истеъмолии мамлакат таъкид бар он намудаанд, ки ин қазияро метавон пеш аз ҳама бо роҳи таъмин намудани тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияи муосир, тараққӣ ва рушд додани корхонаҳои коркарди маҳсулот ҳал кард.     Бо таъкид борҳо қайд намуданд, ки масъалаи ҳарчӣ бештар бо маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман маводи ѓизоии ватанӣ таъмин намудани аҳолии кишвар андешидани тадбирҳои мушаххасро тақозо мекунад.

  Дар самти иҷрои  чунин дастури Сарвари давлатамон ҳоло дар бозори истеъмолии мамлакат фаровонии молҳои озуқаворӣ ба мушоҳида мерасанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солиёни ахир тавассути истеҳсолоти дохилии мамлакат талаботи воқеии аҳолӣ бо молҳои асосии хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, тухм, ѓалладона ва орд, биринҷ, картошка, сабзавоту полезиҳо ва меваҷот ба маротиб  боло рафтааст.   Вале аз назари Пешвои муаззами миллатамон ин вазъ ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест, зеро Тоҷикистон натанҳо метавонад аҳолии худро бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намоянд, балки имкониятҳои васеъ дорад, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш диҳад.

 Айни замон давлати Тоҷикистон узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо  гардидаст. Бояд  гуфт, ки шомил шудан ба узвияти ин созмон дар назди мо вазифаҳои муҳим мегузорад. Вазифаи аввалиндараҷаи мо он аст, ки дар кори Созмони Умумиҷаҳонии Савдо фаъолона иштирок намуда, манфиатҳои кишвари худро ҳимоя намоем. Чуноне Пешвои миллат қайд намуданд, барои ин ба мо мутахассисони соҳаҳои иқтисод ва ҳуқуқ лозиманд, ки дониши васеъ ва сатҳи баланди касбӣ дошта бошанд.

  Яке аз самтҳои асосие, ки Пешвои миллат эътибори  масъулони сохторҳои  марбутаро ба он равона намуданд, ин ҳимояи бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ,  пешгирии воридот, истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулоти бесифат ва ҷорӣ  намудани низоми нави идоракунии сифат аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ, инчунин мусоидат намудан ба корхонаҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашудаи ватанӣ мебошад. Ҷавобан ба чунин таваҷҷуҳи Сарвари давлат мутахассисони бахшу ниҳодҳои дахлдор  пайваста талош доранд, ки бехатарии бозори истеъмолиро таъмин кунанд.

Пешвои миллат  ба маъулин супориши қатъӣ додаанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»  ҳатмӣ  риоя гардида, дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ таҳия ва амалӣ карда шавад.

Бо ифодаи ҷонибдориҳо аз ин ҳама иқдому пешниҳодҳо аҳли ҷомеа,масъулони бахшу сохторҳои марбута бояд кӯшиш намоянд,ки дар баробари назорати бехатарии бозори истеъмолӣ ба рушди соҳибкорӣ,истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир ва бозгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мусоидат намоянд. Дар ин раванд ҳам ба буҷаи давлатро  ғанӣ гардонида, ҳам дар  пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва бо ин васила, дар устувору поянда гаштани пояи давлатдориву соҳибистиқлолиӣ саҳми  саҳми арзанда дошта бошанд.

Салоҳудинов М.
корманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бознашр аз  Нашрияи «Диёри Турсунзода»
01.09.2018 №34 (8111)

Мизи мудаввар бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

logo-27-solagii-istikloliyat-4Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот таҳти унвони «Истиқлолият ва ташаккули ҳуқуқи инсон» мизи мудаввар баргузор гардид.

З. Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин санаи муборак, муҳим ва таърихӣ самимона табрик намуда, оид ба паҳлуҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тақвияти суботу оромии ҷомеа, суханронӣ намуданд.

Тибқи рӯзномаи чорабинӣ дар назди ҳозирин Солиев А. – ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзӯи «Истиқлолият ва ташаккули ҳуқуқи инсон» баромад намуд. Қайд карда шуд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низоми комили ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил карда шуд. Дар сатҳи Конститутсия муқаррар карда шуд, ки инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф шуда, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.

Кафолатҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон пешбинӣ намудаанд, дар қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла кодексҳои оила, меҳнат, гражданӣ, ҷиноятӣ, қонунгузории мурофиавӣ, қонунгузории соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ инкишоф дода шудаанд.

Яке аз қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳким ва рушди ҳуқуқи инсон таъсис ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сипас маърӯза мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба мазмун ва муҳтавои маърӯза фикрронӣ намуданд.

С.Қодирӣ — сардори Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ вобаста ба шеваҳои таърихии ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, устувории истиқлолияти давлатӣ, омилҳои мусоидаткунанда ва таҳдидкунанда ба истиқлолияти давлатӣ ва руҳияи ҷашнгирии иди истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.

Дар рафти муҳокимарониҳо ҳамчунин С. Ғуломов, С. Қодирӣ, М.Ашӯров, А. Солиев ва дигарон иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.

Дар охир З.Ализода ҳозиринро бо ин санаи муҳими давлатӣ табрик ва таҳният гуфта, онҳоро ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ, қадршиносӣ аз сулҳу субот ва кушиш намудан баҳри тинҷиву амонии кишвари азизамон — Тоҷикистон даъват намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули ҳуқуқи инсон

logo-27-solagii-istikloliyat-427 сол мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо роҳи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ пеш меравад ва ба шарофати истиқлолият имрӯз мо соҳиби рамзҳои давлатӣ чун Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ гардидем.

Санаи муҳими таърихи миллат ба ҳисоб рафтани 9-уми сентябр гувоҳи он аст, ки орзуву ормонҳои чандинасраи миллати тоҷик ниҳоят баъди ҳазорсолаҳо аз нав ҷомаи амал пушид ва миллати тоҷик аз нав соҳибдавлат шуд. Вале мутаассифона, ин имконияти бузурги таърихӣ дар таҷрибаи давлатсозии оғози истиқлолият оқилона истифода нашуд.

Дар солҳои аввали эълони истиқлолият дар кишвар тазоҳуроту муқовиматҳои сиёсӣ оғоз шуданд ва давлати навқадами тоҷикон дучори ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар шароити душвор, ки миллат ба доми бало гирифтор шуда буд, ҷомеаро ноумедӣ пахш мекард ва ҳеҷ кас ба рӯзи оянда умед надошт. Маҳз, Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист тавассути сиёсати дурбинонааш давлатдории яклухти ҳудуди мамлакатро нигоҳ дошта, истиқлолияти Тоҷикистонро ҳифз намояд, ки ин марҳиларо оғози бунёди давлати воқеии соҳибистиқлоли тоҷикон шуморидан мумкин аст.

Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Ваҳдати миллӣ яке аз рӯйдоди муҳими таърихи навини миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин се арзиши муҳими асосии миллӣ ва сарнавиштсоз имкон доданд, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои зарурӣ равона шавад, қонунияту тартибот ҳукмрон гардад ва дар ин замина соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт рушд ёбад.

Маҳз тавассути ҳамин се омил мақсадҳои олии миллат ва давлат таҳкурсии мустаҳками сулҳу субот ва муттаҳидиро дар ҷомеаи навини мо асос гузошт. 27 соли сипаригардида дурустии ин мақсадҳоро собит сохта, моро вазифадор месозад, ки дар асоси Ваҳдати миллӣ қадамҳои худро дар ин роҳи таърихии миллат пай дар пай ва устуворона гузорем.

Ҳамин тариқ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол, ки аз ҷумлаи дасовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад, кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона муаррифӣ намуда, ба таъсисёбӣ, ташаккул ва рушди як қатор ниҳодҳои нави ҷомеаи демократӣ замина гузошт.

Дар тули 27 соли соҳибистиқлолӣ асосҳои конститутсионализм рушд намуда, 3 маротиба ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки паҳлуҳои мухталифи ҳаёти давлат ва ҷомеаро дар бар гирифта, барои рушди бемайлони Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.

Истиқлолият ба тоҷикистониён имконияти аз ҳуқуқҳои сиёсии худ ба таври васеъ истифода бурданро фароҳам овард. Дар 27 соли Истиқлолияти давлатӣ маданияти сиёсии шаҳрвандон рушд намуда, бо истифода аз ҳуқуқҳо ва уҳдадориашон дар чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллӣ ва райъпурсиҳои умумихалқӣ дар асоси принсипҳои умумӣ, баробарӣ ва шаффофият иштироки фаъолона намуданд.

Ҳамчунин дар солҳои Истиқлолият принсипҳои муҳими сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, пайравӣ ба принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи инсон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар ин самт ташаккул ёфтанд.

Дар ин самт иқдоми нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) пазируфта шудани он мебошад. Нахуст 26 феврали соли 1992 баъд аз ба имзо расонидани Санади хотимавии Хелсинки Тоҷикистон ба узвияти САҲА қабул гардид ва 2 марти соли 1992 бошад дар иҷлосияи 46-уми Ассамблеяи генралии СММ қатънома оид ба қабули Тоҷикистон ба узвияти СММ якдилона қабул карда шуд.

Пас аз пазируфта шудани давлати ҷавони Тоҷикистон ба узвияти ин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аксарияти кулли санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаҳои онҳо ва дигарҳо ба тасвиб расонида шудаанд. Аз ҷумла, оид ба ин санадҳои муътабари байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Маърӯзаҳои миллии худро дар сохторҳои дахлдори СММ ҳимоя карда, тавсияҳои пешниҳодшударо амалӣ карда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид сол ба сол мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд. Оғоз бахшидани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар Иҷлосияи 72 Маҷмааи кулли СММ ва дар ҳошияи Иҷлосияи мазкур санаи 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи маъюбон далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низоми комили ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил карда шуд. Дар сатҳи Конститутсия муқаррар карда шуд, ки инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф шуда, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.

Кафолатҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон пешбинӣ намудаанд, дар қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла кодексҳои оила, меҳнат, гражданӣ, ҷиноятӣ, қонунгузории мурофиавӣ, қонунгузории соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ инкишоф дода шудаанд.

Аҳамияти Барномаҳои миллӣ, Консепсия ва Стратегияҳо, ки дар самтҳои алоҳида қабул шудаанд дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим доранд.

Дар даврони Истиқлолият дар баробари ташкили асосҳои қонунгузорӣ инчунин механизми муайяни мақомоти давлатӣ таъсис дода шуданд, ки фаъолияти онҳо ба ин ё он васила ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд алоқаманд аст.

Таъсис додани Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак, Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон, раванди риоя, ҳифз, ҳимоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амалисозии уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар ин самт ҷоннок намуд.

Муколама байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор ниҳодҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ, аз қабили Комиссияи Аврупо, ИМА ва Шветсария оид ба ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола баргузор мегарданд, барои рушди минбаъдаи ҳуқуқи инсон мусоидат менамоянд.

Яке аз комёбиҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият бо назардошти эътирофи принсипу меъёрҳои байналмилалии инсондӯстӣ татбиқ накардани ҷазои қатл мебошад.

Иқдоми дигари муассир дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи сиёсати иҷтимоӣ амалӣ намудани барномаҳои мухталиф барои беҳтарсозии шароити зист ва табобати шахсони аз лиҳози саломатӣ имкониятҳояшон маҳдуд мебошад. Соли 2016 зимни ҳимояи ҳисоботи навбатӣ дар доираи Шарҳи умумии даврӣ Тоҷикистон тавсия дар бораи ба имзо расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро қабул намуд ва чуноне, ки болотар қайд гардид, санаи 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи маъюбон ба имзо расонида шуд. Ба имзо расонидани ин санади муътабари байналмилалӣ ба ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд таккони ҷиддӣ мебахшад.

Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, яъне онҳое, ки воқеан муҳтоҷи ёрӣ мебошанд, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон, пирони бесаробон ва оилаҳои камбизоат ба шумор меравад.

Ғамхорӣ нисбати кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо дар маркази диққати ҳукумат қарор дорад. Барои таъмини шароити зинадгии арзанда ба кӯдакони ятиму бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, сару либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дошта, бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт як қатор чораҳои дахлдор андешида шуда истодаанд. Се маротиба (солҳои 2000, 2010 ва 2017) ба Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ пешниҳод намудани гузоришҳои даврӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои худ вобаста ба чораҳои андешидашуда, таҳияи Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузоришҳои муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022, таҳияи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз ин қабиланд.

Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро 28 ноябри соли 2001 ба тасвиб расонида, барои танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ва «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2010-2015» қабул намуд.

Ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон ба Созмони Миллали Муттаҳид тибқи расмиётҳои мавҷуда давра ба давра гузоришҳои худро тибқи механизмҳои сохторҳои оинномавӣ ва шартномавии СММ ирсол менамояд. Инчунин пешниҳоди саривақтии ҷавобҳои мушаххас ба саволҳои кумитаҳои дахлдори СММ тибқи расмиёти шикоятҳои инфиродӣ ба кумитаҳои СММ ва расмиётҳои дигари махсус (маърӯзачиёни махсус) аз пешравиҳои дигари даврони Истиқлолият ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони Истиқлолият, аз соли 2005 инҷониб тибқи расмиётҳои махсуси СММ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 Маърӯзачиёни махсуси СММ ташриф оварданд. Танҳо дар соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи механизмҳои шартномавӣ ба Кумитаҳои СММ оид ба рафъи табъизи нажодӣ ва Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдак вобаста ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ду протоколи иловагӣ ба он ва Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ гузоришҳои даврӣ пешниҳод намуд. Пас аз баррасии гузоришҳо дар Кумитаҳои СММ ва пешниҳод шудани тавсияҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати иҷрои онҳо нақшаҳои миллии амалро таҳия ва тасдиқ намуда, амалисозии нақшаҳо дар ин самт идома доранд. Соли ҷорӣ низ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон гузориши даврии худро ҳимоя мекунад.

Яке аз қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳким ва рушди ҳуқуқи инсон таъсис ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар фаъолияти худ баҳри рушди ҳуқуқи инсон дар мамлакат чораҳои дахлдорро андешида истодааст.

Бо мақсади ҷалби васеи мутахассисон ва коршиносон ба ҳаллу фасли масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон Шӯрои коршиносони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст. Ба ҳайати Шӯро 15 нафар намояндагон аз мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, олимону коршиносон, ки дар соҳаи ҳуқуқи инсон таҷриба доранд, ворид шудаанд.

Бо ташаббуси мақомот Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2012 №678 тасдиқ гардидааст. Барномаи мазкур фарогири таълими соҳаи ҳуқуқи инсон дар низоми маориф, курсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзии муаллимон, судяҳо, хизматчиёни шаҳрвандӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбии ҳамаи сатҳҳо мебошад.

Соли 2015 Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2011-2015 ҷамъбаст гардида, Стратегияи нави мақомот барои солҳои 2016-2020 ва Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2020 таҳия ва тасдиқ шуданд.

Бо мақсади таъмини дастрасии шаҳрвандон ба мақомоти Ваколатдор оид ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, татбиқи ҳуқуқи инсон ба муроҷиат ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва тавсеаи фарогирии фаъолият дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои вилоятҳои кишвар Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дар шаҳру навоҳии он Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, фаъолият карда истодаанд.

Дар умум моҳияти Истиқлолияту Соҳибихтиёрӣ ва мақсади ниҳоии он ин аст, ки қадри инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба дараҷаи меъёрҳои олии давлатдории муосири демократӣ баланд бардошта, ба ӯ имкон дода шавад, ки соҳиб, нигаҳбон ва пешбарандаи давлатдории хеш бошад.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол кишвари хело ҷавони мо дар назди имтиҳони камолот қарор дорад ва он дастовардҳое, ки дар ин мақола гирд оварда шудаанд қатрае аз баҳр буда, онҳо бе мавҷудият ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ имконнопазир буданд.

Азиз Солиев,
Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон