Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

47431487232_5891d9765e_z

31 май дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст “Оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 дар соли 2018” ва Дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022” ҳисоботи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтию босамари барномаи рушди сайёҳӣ, беҳдошти инфрасохтори соҳа, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Барои ба ҷаҳониён шиносонидани сарзамини аҷдодӣ, ҷойҳои таърихӣ аз нав эҳё гардидаву ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид гардад. Бо таҳияи барномаҳои махсус табиати зебову нотакрори кишвар, обҳои мусаффои чашмаҳо, руду дарёҳо, меваҳои хуштамъ, гулу гиёҳҳои шифобахш, сайёҳии шикорӣ, таомҳои миллӣ, расму оинҳои бою қадимаи миллати тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ, ба таври васеъ ташвиқу тарғиб карда шавад.

Сипас дар кори маҷлис масъалаҳо Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” муҳокима гардид.

Аъзои Ҳукумати мамлакат баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парандапарварӣ”-ро ирсол карданд.

Дар маҷлиси ҳукумати кишвар масъалаҳои дигар, аз ҷумла Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ ва Дар бораи Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва илмию таҳқиқотӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти маҷлис ҳамчунин Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба ҷараёни тадбирҳои ободонӣ дар пойтахти кишвар, вусъати корҳои созандагӣ дар иншоотҳои ҷашнии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, таъмини фаровонии маводи ниёзи аввал дар бозорҳои шаҳр, аз қабили меваю сабзавот, орд, равған, гушт, танзими нарх дар бозорҳо бо ташкили намоиш-фуруши маҳсулоти кишоварзӣ, расонидани кумакҳои яквақтаи хайрия ба сокинони ниёзманд, омодагии пойтахт ба чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, ҳисобот доданд.

Дар охири кори маҷлис Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатӣ ва амалӣ кардани дигар дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Дастурҳо барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, омодагии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба давраи зимистон, захираи кофии маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили саҳро, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии моддии табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар моҳи шарифи Рамазон, дар рӯзи ид ба эҳтиёҷмандон расондани фитри рӯза, дода шуд.

31.05.2019, шаҳри Душанбе  www.president.tj

Ҷавонон ояндаи миллат

123Мусаллам аст, ки дар шароити дигаргунсозиҳои ҷаҳонӣ муқаррар кардани чаҳорчӯбаҳо ва меъёрикунонии муносибат нисбат ба қишрҳои муайяни ҷомеа, бахусус ҷавонон тақозои замон ва талаботи ҷомеаи мутамаддин мебошад. Чун давлати Тоҷикистон ҷавон асту қувваи асосии меҳнатиро ҷавонон ташкил медиҳанд, муайян кардани ҷабҳаҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба ҷавонон мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад.

 Ҷавонони саодатманди кишвар имрӯз дар ҳама соҳаҳои ҳаёти мамлакат бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон фаъолона ширкат варзида, барои баланд бардоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлолиамон собитона қадам мезананд.

Ҳамаи инро баинобат гирифта, Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити арзандаро барои зиндагии созандаву фаъолияти шоистаи насли ояндасозу ватанпараст фароҳам овардаанд.

Имсол низ бо мақсади дар фазои сулҳу дӯстӣ ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди ҷавонон Нақшаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май» бо сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2019 тасдиқ гардида, дар доираи он садҳо чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва маърифативу варзишӣ доир гардида истодаанд.

Ташкил ва баргузории чорабиниҳо имкон медиҳад, ки сатҳи маърифтнокии ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, ва омода будан барои муҳофизати ватани хеш баланд гардад.

Дар асл, ватандӯстӣ  дар ҷомеаи башарӣ  яке аз воситаҳои  муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум бахусус  ҷавонон  баҳисоб рафта, метавонад дар ташаккули  арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа  нақши  калидиро фароҳам орад. Бо дар назардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ин самти муҳими  иҷтимоӣ  низ  беш аз пеш  таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст»

Чун ҷавононро ояндасози миллат ва таҳкимбахши пояҳои истиқлолият унвон кардаанд, мебояд ҳамчун фарзандони ҳамин  сарзамини аҷдодӣ Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зебо намоянду ҳифзи марзу буми онро ба ҷо оранд.

Чунончӣ, дар Паёми имсолаи хеш Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Пас, бояд коре кунем, ки тафаккури истиқлолхоҳиву ватандӯстӣ дар рӯҳу равони ҳар як узви ҷомеа, махсусан ҷавонон реша гирад. Истиқлолият неъмати бузургест ва танҳо ҳамон вақт ба қадри он мерасем, ки агар ҳар кадоми мо, ҳамчун шаҳрвандони ин Ватан, сарфи назар аз миллат, нажод ва мазҳаб, худро соҳиби ин истиқлол ва соҳиби ин марзу бум бидонему барои пойдории он ба ҳама гуна фидокорӣ омода бошем.

Мо ҷавонони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ аз он ифтихор мекунем, ки Ватани азизи зебо дорем, сулҳу осудагӣ дар фазои Тоҷикистон танинандоз аст.

Пас, ҷавонон бояд ба қадри ҳамаи ғамхориҳои давлат расида, кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки дар оянда ин давлати биҳиштосоро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд ва тавонанд онро дар сатҳҳои баландтарин муаррифӣ намоянд.

Маҷидов П.Б.,
сармутахассиси шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

 

Мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон»

youth

Рӯзи 23 майи соли ҷорӣ дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро С. Ҳакимиён – Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳайати кормандон ва махсусан ҷавононро ба ин рӯз табрик намуданд.

Қайд гардид, ки «Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва беҳдошти фазои қонунии он тадбирҳои муассирро амалӣ карда истодааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон қонун, консепсия, стратегия ва дигар санадҳои дахлдор қабул гардидаанд. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии фаъолияти худ карор додааст. Бинобар ин ҷавононро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, баҳри рушди шахсӣ ва ободии ватани азизамон талош намоянд».

Сипас барои иштирокчиёни мизи мудаввар Маҷидов П. – сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар мавзӯи «Ҷавонон ояндаи миллат» маърӯза намуд.

Зимни маърӯза аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ёдоварӣ карда шуд, ки гуфта буданд: “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”.

Ҳамчунин иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба масъалаҳои ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар охир С. Ҳакимиён бори дигар ҷавонони мақомот ва дар симои онҳо тамоми ҷавонони Тоҷикистонро табрику таҳният намуда, онҳоро ба расидан ба қадри истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, бедории маънавӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ даъват намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Конфронс

Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо”

Рӯзҳои 21-22 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси Душанбе” конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо” баргузор гардид.

Бояд зикр намуд, ки баргузории чорабинии мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №593 “Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019”, пешбинӣ шуда буд.

Дар конференсия роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия, Озорбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, роҳбарону кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони Зеркумитаи аккредитатсионии Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсози фаъолияти ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаи Рушди СММ, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони ВАО дар маҷмуъ зиёда аз 120 нафар иштирок намуданд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин таҳлилу баррасӣ гардиданд: “Ташаккули ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҷриба, мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ”, “Татбиқи Принсипҳои Париж дар фаъолияти ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ”, “Нақши ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон”, “Ҳамкории мутақобилаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ”, “Механизми миллии пешгирикунанда (Омбудсман+)”, “Нақши ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба таълим ва маърифатнокӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон” ва ғайра.

Аз натиҷаи кори конференсия аз ҷониби иштирокчиёни он изҳорот қабул гардид.

Конференсия дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида, дар он  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ташвиқу тарғиб гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба кулли иштирокчиёни конференсия барои иштироки фаъолонаашон миннатдорӣ баён менамояд.

Копия IMG_6759

IMG_6764

IMG_6595

IMG_7289

Обш хаят

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Ҳуқуқ ба ҳаёт ва ҷазои қатл номувофиқанд

хукми катлҲуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи асосӣ ва бунёдии (табии) инсон ба шумор меравад.

Моддаи 3 Эъломияи ҳуқуқи инсон эълон медорад, ки «Ҳap инсон ба ҳаёт, ба озодӣ ва ба дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад».

Мувофиқи моддаи 6 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи ҷудонопазири ҳар як инсон буда, тавассути қонун ҳифз карда мешавад ва ҳеҷ кас худсарона аз ҳаёт маҳрум карда намешавад. Дар кишварҳое, ки ҷазои қатлро бекор накардаанд, ҳукми қатл метавонад танҳо барои ҷиноятҳои вазнинтарин бароварда шавад. Инчунин дар ин модда омадааст, ки ҳукми қатл барои ҷиноятҳое, ки аз тарафи шахсони то 18 сола содир карда шудааст, бароварда намешавад ва нисбат ба занони ҳомила ба иҷро расонида намешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 январи соли 1999 Паймони мазкурро ба тасвиб расонидааст.

Аз мазмуни ин санади байналмилалӣ бармеояд, ки истифодаи ҷазои қатл дар ҳолатҳои ҷудогона роҳ дода мешавад.

Дар моддаи 1 Протоколи дуюми иловагӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ омадааст, ки ягон шахси таҳти тобеияти давлати иштирокчии Протоколи мазкур мавриди қатл қарор дода намешавад ва давлати иштирокчӣ ҳамаи чораҳоро оид ба аз байн бурдани ҳукми қатл меандешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол Протоколи мазкурро тасдиқ накардааст.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки қонунгузории баъзе давлатҳо ҳуқуқ ба ҳаётро кафолат дода, имконияти истифодаи ҷазои қатлро пешбинӣ менамоянд.

Дар моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин». Яъне ин моддаи конститутсия имконияти истифодаи ҷазои қатлро барои ҷинояти махсусан вазнин пешбинӣ менамояд.

 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бошад ҷазои қатлро дар шакли паррондан ҳамчун чораи истисноӣ танҳо барои ҷиноятҳои одамкушӣ (қисми дуюми моддаи 104), таҷовуз ба номус (қисми сеюми моддаи 138), терроризм (қисми сеюми моддаи 179), генотсид (моддаи 398), биосид (моддаи 399) муқаррар намудааст.

Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 15 июли соли 2004 № 45 татбиқи ҷазои қатл боздошта шуда, дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати бисту панҷ сол муайян карда шуд, яъне ба сифати алтернативаи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ карда шуд. Баъдтар бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 № 86  ба Кодекси ҷиноятӣ ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл ворид карда шуд.

Ҷазои қатл дар собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Арманистон, Озорбойҷон, Украина, Гурҷистон, Молдовия, Латвия, Литва, Эстония, Туркманистон, Узбекистон, Қирғизистон бекор ва он ҳамчун ҷазои бераҳмона ва ғайринсонӣ ҳисобида шудааст. Дар давлатҳои дигар (Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Тоҷикистон) ба ҷазои қатл моратория эълон карда шуда, дар Ҷумҳурии Беллорус бошад ба истифодаи он роҳ дода  мешавад.

Ба Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Шарҳи умумии даврӣ ва Кумитаи ҳуқуқи инсон аз натиҷаи баррасии Гузориши дуюми миллии даврии Тоҷикистон доир ба татбиқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ вобаста ба бекор кардани ҷазои қатл ва ба тасвиб расонидани Протоколи дуюми иловагии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳукуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ барои солҳои 2014-2016 тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Масъалаи мазкур ҳоло мавриди омӯзиши гурӯҳи корӣ қарор дорад.

Қобили тазаккур аст, ки ҳаёт неъмати аз ҳама арзишноки инсон ба ҳисоб меравад ва маҳрум намудани он боиси қатъ гардидани ҳастии фард, шахсият, аъзои ҷомеа  мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи ҷомеаи инсондӯстона ва демократӣ қадамҳои устувор мегузорад ва боварӣ ҳаст, ки ҷазои мазкур  ғайримақбул гардида, аз қонунгузорӣ хориҷ карда мешавад.

М. Ашӯров – сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва
сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омодагиҳо ба Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо”

Конфронс

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019», ки аз 29 декабри соли 2018, №593 тасдиқ шудааст, моҳи майи соли ҷорӣ баргузории конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо” пешбинӣ гардидааст.

Аз ин лиҳоз, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани конфренсияи мазкур як қатор корҳо ба сомон расонида шуд, аз ҷумла:

  • санаи баргузории конфренсия 21-22 майи соли 2019 ва ҷойи баргузории он меҳмонхонаи “Ҳаятт” интихоб карда шуд;
  • дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳисоби намояндагони Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гурўҳи тадорукотӣ таъсис дода шуд;
  • ҷиҳати мусоидат дар баргузории конференсия бо шарикони рушд вохўриҳо анҷом дода шуд;
  • тарҳи пешакии барнома, рамз, маводи тақсимотӣ, баннерҳо ва рўйхати иштирокчиёни конференсия омода карда шуд.

Айни ҳол, роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия, Озорбойҷон, Қазоқистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштироки худро тасдиқ намуданд.

Ҳамчунин дар кори конференсия намояндагони Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаи Рушди СММ, вазорати корҳои хориҷии Финляндия, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва мақомоту муассисаҳои давлатӣ иштирок менамоянд.

Итминон дорем, ки конференсия дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида, барои ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ва боз ҳам боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

С.Қодирӣ

Танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила

пепшгирии зуровари

Ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва дигар аъзои оила, пешгирӣ ва барҳам додани зуроварӣ дар оила, ҳамчунин баҳри иҷрои банди 22 шарҳи хотимавии Кумитаи СММ оид ба бартараф кардани табъиз нисбат ба занон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шудааст, ки қонуни алоҳида доир ба ин масъала қабул намояд.

Вобаста ба ин масъала Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар Маърӯзаи худ барои солҳои 2009-2010 бо мақсади ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи занон, аз ҷумла бартараф кардани табъизи онҳо пешниҳод намудааст, ки Қонун «Дар бораи ҳифз аз зӯроварӣ дар оила» қабул карда шавад. Дар асоси ин пешниҳодҳо аз 19 марти соли 2013, № 954 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардида, аз 4 боб ва 27 модда иборат мебошад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи сархати 25 моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 15 май ҳамчун — Рӯзи байналмилалии оила қайд карда мешавад.

Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, ақди никоҳи бармаҳал ва фарҳанги оиладорӣ мунтазам чорабиниҳои иттилоотӣ баргузор менамоянд.Чунин чорабиниҳо соли 2018 дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Дӯстӣ ва Рашт баргузор гардиданд. Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони сохторҳои маҳаллии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигарон иштирок карданд.

Ҳамчунин моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти нозири пешгирии зӯроварӣ дар оилаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии 2- и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санҷида шуд. Аз натиҷаи санҷиш ба мақомоти дахлдор баҳри бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вохӯриҳо бо аҳолӣ дар ин самт диққати махсус дода, кормандони он кӯшиш менамоянд, ки ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила саҳмгузор бошанд.

Ш. Раҷабов,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
фарҳангии мақомоти ВҲИ ҶТ

Табрикоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо муносибати Рӯзи Ғалаба

images

Ҳамватанони гиромӣ шумо ва дар шахсияти шумо ҳамаи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро бо муносибати 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзгори хушу зиндагии осударо таманно менамоем.

Бигзор осмони кишвари азизамон – Тоҷикистон ҳамеша софу беғубор ва сулҳу ваҳдат пойдор бошад!

Бо камоли эҳтиром,
Умед Бобозода
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Боздиди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8 СРИҶҶ ВА ҶТ

2Дар асоси ҳамкориҳои судманд бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия рӯзи 7 майи соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Р.Ҳ. бо мақсади шиносоӣ аз вазъи ҳуқуқи кӯдакон, ки дар якҷоягӣ бо модарони маҳкумшуда дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/8 СРИҶҶ ВА ҶТ нигоҳдорӣ мешаванд, боздид ба амал овард.

Зимни боздид Ҳабибулозода Р. сараввал бо роҳбарият ва ҳайати кормандони муассиса суҳбат доир намуда, вобаста ба ҳуқуқу озодии кӯдакон мутобиқи қонунгузории миллӣ, стандартҳои мавҷудаи миллӣ ва байналмилалӣ ва таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон ибрози назар намуданд.

Маълум гардид, ки айни замон дар муассисаи мазкур 9 кӯдак (5 писар ва 4 духтар) қарор доранд. Барои кӯдакон дар муассиса тамоми шароитҳои зарурии моддиву маишӣ муҳайё карда шудааст. Муассиса бо духтур ва равоншинос низ таъмин мебошад.

Сипас Ҳабибулозода Р. бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи риояи ҳуқуқи модарон ва кӯдакони дар муассиса қарордошта бо гурӯҳи модароне, ки адои ҷазо менамоянд, суҳбат намуда, аз шароити нигощдорь ва таъминот бо ғизо, ҳолати санитарӣ, муносибати кормандони муассиса нисбати онҳо ва ғайраҳо пурсон шуд. Маҳкумшудагон дар навбати худ қайд намуданд, ки аз шароити нигоҳубин дар муассиса, таъминоти онҳо ва кӯдаконашон бо лавозимоти зарурӣ розӣ буда, танҳо хоҳони авфи навбатӣ мебошанд. Зимни боздид ягон шикоят ворид нашуд.

Дар рафти боздид ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон, хусусан кӯдакон, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳуҷраҳои мулоқот, ошхона, чойхона ва ҷойҳои корӣ маҳкумшудагон дидан намуд.

Роҳбарияти муассиса қайд намуданд, ки маҳкумшудагони муассисаи мазкур мавриди таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти СРИҶҶ ВА ҶТ қарор дошта, барои минбаъд дар ҷомеа роҳ ёфтани онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

 

 3       4

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба муассисаҳои ислоҳӣ

 

20190502_105611Рӯзҳои 2 ва 3 майи соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии ЯС 3/4 ва ЯС 3/7 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд.

Дар рафти боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳуҷраҳои мулоқот, ошхона, чойхона ва ҷойҳои кории маҳкумшудагон дидан намуд.

Шиносоӣ бо шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон нишон дод, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои маҳкумшудагон шароитҳо муҳайё шудааст.

Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо маҳкумшудагон  суҳбат ороста, ба саволҳои онҳо ҷавоб дод.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар оянда низ чунин боздидҳоро ба нақша гирифтааст.

20190502_102858  20190502_104223  

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ