24 ноябр — Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам ЧТАз соли 2009 инҷониб ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Парчаму парчамдорӣ ба мардуми мо аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ливои Куруши Кабир ва дирафши Кова аз ҷумлаи онҳост. Давлатҳои бузурги Сосониёну Сомониён, парчамҳои пуршукуҳу зафаровари худро доштанд ва ин анъана дар давраҳои баъдина низ идома ёфта, то ба имрӯз омада расидаст. Парчам ифодагари мустақилияти ҳар як давлат буда, баҳри ҳимояи марзу бум, ватану миллат, забону фарҳанг фарзандони баору номусро зери сояи худ сарҷамъ месозад.

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон (дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ) низ Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода гардида, бо назардошит вазъи сиёсии онвақта якчанд маротиба шаклу ранги худро иваз намудааст.

Парчами кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки он аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст ва ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

Ранги сурх ифодагари шуҷоат ва мардонагӣ, мубориза барои озодӣ ва рамзи истиқлолияти бадастомадаи миллати тоҷик аст. Ранги сафед рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, ояндаи дурахшони ҷумҳуриро ифода мекунад. Ранги сабз бошад рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, сарсабзию хуррамии кишварро тасвир мекунад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 аз ҷониби парламенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуда, ҳар сол 24 ноябр дар кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад.

Инчунин бо иқдоми Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр мебошад бунёд гардид ва боғе, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст, “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шуд.

Тибқи муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ҷиҳати муқаррар намудани моҳият ва тартиби истифодаи рамзҳои давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 № 254 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Тибқи муқаррароти қонуни мазкур эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Инчунин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби афрохтан (моддаи 5), ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 6) ва ҷавобгарӣ барои таҳқири Парчам (моддаи 11) пешбинӣ шудааст.

Тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2016 ба қонуни мазкур ворид гардид шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд.

«Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади дигаре мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 №659 тасдиқ шудааст ва масъалаҳоро вобаста ба тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян менамояд.

Тибқи муқаррароти санади мазкур Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешавад. Инчунин муқаррар шудааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз андозаи он ҳангоми тайёр кардан бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, №499 «Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, мутобиқат намояд.

Мутобиқи муқаррароти қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.

Чи тавре дар боло зикр гардид моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои вайрон кардани талаботҳои он ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст. Яъне, Парчами давлатӣ таҳти ҳимояи қонун қарор дорад.

Вобаста ба беэҳтиромӣ нисбати Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбини шудаааст. Моддаи 483(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани қонунгузорӣ оид ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмуриро дар шакли ҷарима пешбинӣ намуда, моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқири рамзҳои давлатӣ ҷавобгарии ҷиноӣ дар шакли ҷарима, маҳдуд кардани озодӣ ва ё маҳрум кардан аз озодиро пешбинӣ намудааст.

Парчами давлатӣ ҳамчун нишони шуҳрату сарфарозӣ, баёнгари ормонҳои миллат ва азму иродаи қавии мардум баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии кишвари азизамон мебошад. Он нишони шарафмандию бахту пирӯзӣ буда, шаҳрвандонро зери сояи худ мутаҳид менамояд ва ифтихори ватандории ҳар як шаҳрвандро зиёд мегардонад. Ҳамчунин парчам рамзест, ки маҳз тавассути он моро ва давлати моро дар саросари дунё мешиносанд ва онро метавон ҳамчун шиносномаи давлату миллат ном бурд. Бинобарин вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз аст, ки Парчамро эҳтиром намуда, баҳри баланд бардоштан ва боз ҳам машҳур сохтани он саъю кушиш намояд.

С. Раҳимов,
сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ
иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон
дар 
Ҷумҳурии Тоҷикистон