Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

49715962003_36c9f23bbc30 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” ҳисоботи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин  Файзуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи амалисозии “Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” чор корхона дар самти истеҳсоли маснуоти қолинӣ, аз ҷумла ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ Фейза”,  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мавлонои Румӣ”, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самарқанд — М” дар ноҳияи Рӯдакӣ, коргоҳи қолинбарорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ду корхона дар самти истеҳсоли қолинҳои дастбоф — ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шероз” ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гулвард” ба фаъолият шуруъ карданд. Дар натиҷа зиёда аз 210 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Қабули “Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” ба рушди соҳаи қолинбофӣ мусоидат намуда, ба корхонаҳои соҳа имкон фароҳам овард, ки дар баробари аз нав кардани парки технологии корхонаҳо ҳаҷми истеҳсолот мунтазам зиёд карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат ва вазорати саноат ва технологияҳои нав барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ сохтани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди соҳаи қолинбофӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо қолинҳои хушбофт супориш доданд.

Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳисобот дод.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш доданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистони солҳои 2020-2021 аз ҳозир тадбирҳои мушаххас андешида, ба миқдори зарурӣ маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт захира намоянд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати “Барқи тоҷик” ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини аҳолӣ ва иншооти иҷтимоии кишвар дар фасли зимистон бо нерӯи барқ ва гармӣ вазифадор шуданд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” баррасӣ гардид.

Лоиҳаҳои қонунҳои муҳокимашуда ва хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 ва Дар бораи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ муҳокима карда шуд.

Оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мамлакат ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорат ва сохторҳои зертобеъи он супориш доданд, ки тавассути ВАО корҳои тарғибу ташфиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ пурзур намоянд. Дастур дода шуд, ки барои тарбияи мутахассисони сатҳи баланд, омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ барои қабули беморон, ворид сохтани таҷҳизоти муосири тиббӣ, назорати санитарӣ-гигиении марказҳои хизматрасонии маишӣ, чораҳои мушаххас андешида шуда, дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар беморхонаи ноҳияи Данғара барои қариб 300 ҷойи хоб, бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои муосири тиббӣ дар ҳар як деҳот ва шаҳрак, тезонида шавад.

Дар охири кори маҷлиси Ҳукумати кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатиро ба иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷ, вусъати кишту кори баҳорӣ, аз ҷумла пахта, шолӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, кишти такрорӣ, корҳои соҳилбандӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ, моҳидорӣ, истифодаи самараноки сардхонаву гармхонаҳо, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30 -солагии Истиқлолият, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани маъракаи навбатии даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, ҷалб карданд.

Ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорати иҷрои дастурҳои Сарвари давлат дар ҷараёни силсилаи мулоқотҳо бо зиёиён, аҳли илму маориф, кормандони иттифоқҳои касаба, саноатчиён, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони дигар соҳаҳо супориш доданд.

30.03.2020 , шаҳри Душанбе www.prezident.tj

Ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин мусоидат намудан ба ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тайи зиёда аз даҳ соли фаъолияти ҳуд ҳамчун субъекти мусоидаткунандаи ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф гардидааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар фарқият аз дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дорои ҳусусиятҳои ҳоси фаъолият мебошад, ки инҳоянд:

  1. Фаъолияти назоратии ВҲИ як навъи фаъолияти иловагии назорат ва воситаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шарванд ба ҳисоб рафта, воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра менамояд.
  2. Объекти фаъолияти назоратии ВҲИ фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳудидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат), шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилиашон мебошад.
  3. Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои ба даст овардани иттилоот оид ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ошкор намудани вайронкуниҳо дар таъмини ҳуқуқ, мусоидат ба барқарор намудани вайронкуниҳои ҳуқуқу озодиҳо, муроҷиат ба субъектони салоҳиятдор бо мақсади ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор равона карда шудааст.
  4. Қарори қабулнамудаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз натиҷаи санҷишҳо мазмун ва ҳусусияти тавсиядиҳӣ доранд.
  5. Ноил шудан ба фаъолияти назоратии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон танҳо тавассути ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ имконпазир аст.

Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар шаклҳои зерин ҳамкорӣ менамояд:

— табодули байниҳамдигарии иттилоот;
— қабули якҷояи шаҳрвандон;
— расонидани ёрии тарафайн ҳангоми гузаронидани мониторингу санҷишҳои риояи ҳуқуқи инсон;
— ҷалб намудани мақомоти ҳокимият ба баррасии муроҷиати шаҳрвандон;
— гузаронидани чорабиниҳои якҷоя, иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё намояндаи ӯ дар кори коллегияҳо, шӯрои ҳамоҳангсозии мушовирон, даъвати намояндагони мақомоти давлатӣ ба дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

Мақсади ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ин ташаккули сиёсат дар самти ноил гардидан ба стандартҳои олӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон буда, вазифаи ҳамкориҳо пешгирӣ намудани амалҳои (беамалии) ғайриқонунии субъектҳои таъминикунандаи ҳуқуқ, мавриди ҷазо қарор додани шахсони гунаҳгор ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад.

Субъектони асосии давлатии ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақомоти судӣ, прокуратура, мақомоти иҷроияи ҳокимият ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор мераванд, ки дар самти ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон, барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншуда, рӯёнидани товони зарар ва дигарҳо дорои ваколатҳои зарурӣ мебошанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти зикргардида ҳамкориҳои зеринро ба роҳ мемонад:

  1. Гузаронидани санҷишҳо оид ба шикоятҳо. Дар раванди санҷиши шикоятҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба субъектони ҳамкориҳо барои мусоидат дар тасдиқ намудан ё рад кардани ҳолатҳое, ки бояд маълум карда шаванд, муроҷиат менамояд. Ҳамкориҳо тасмими гирифтани ёрии ботахассуси мутахассис, маҳорат, малака, таҷрибаи зарурӣ дар фаъолияти субъектони ҳамкориҳо, гузаронидани тадқиқотҳои экспертӣ ва омодакунии ҳулосаҳоро доранд. Натиҷаи чунин ҳамкориҳо ин гирифтани иттилоот оид ба моҳияти шикоят мебошад.

Баъзан дар шикоятҳо ҳолатҳои вайронкунии эҳтимолии ҳуқуқи инсон нишон дода мешаванд. Дар чунин мавридҳо роҳбарони субъектони ҳамкориҳо ба таври фаврӣ бояд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё намояндаи ӯро қабул намоянд, барои ташриф ба бино ва ҳудуди ҳуд, инчунин иштироки онҳо дар ҷаласаҳои мақомоти коллегиалӣ мусоидат намоянд.

Ба таркиби ҳамкориҳо пешниҳод намудани маълумот, ҳуҷҷатҳо, маводҳои зарурӣ барои баррасии муроҷиат, ки маълумотҳои дар муроҷиат овардашударо тасдиқ ё инкор мекунанд, шинос шудан бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки вобаста ба онҳо санадҳои судӣ эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, инчунин бо парвандаҳои қатъгашта ё маводе, ки оид ба онҳо аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ, тафтишотӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, инчунин рӯйнавис ё нусҳабардорӣ намудани маълумоти зарурӣ аз онҳо доҳил мешаванд.

  1. Шакли дуюми ҳамкориҳо табодули байниҳамдигарии иттилоот мебошад, ки дар он саривақт гирифтани иттилоот аҳамияти махсус дорад.
  2. Шакли сеюми ҳамкориҳо ирсол намудани тавсияҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба субъектони ҳамкориҳо мебошад. Пешниҳоди тавсияҳо ин натиҷагирӣ аз ҳамкориҳо буда, дорои мулоҳизаҳо оид ба аз байн бурдани вайронкуниҳои ошкоргардида дар соҳаи ҳуқуқи инсон ё пешгирии чунин вайронкуниҳо мебошад.
  3. Шакли чоруми ҳамкориҳо – шомил шудани субъектони ҳамкориҳо ба ҳайати мақомоти гуногуни машваратӣ, иштирок дар гуруҳҳои корӣ, комиссияҳо ва дигарҳо ба шумор меравад.
  4. Шакли панҷуми ҳамкориҳо ин баррасии маърӯзаи ҳарсолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби субъектони ҳамкориҳо мебошад.

Тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар сол на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи фаъолияти ҳуд ва вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти даҳлдор маърӯза ирсол менамояд.

Дар маърӯзаи ҳарсолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мумкин аст маълумотҳо дар бораи баррасии шикоятҳо, муҳолифат дар байни санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ, иҳтилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, норасоӣ дар қонунгузорӣ  ва дигар мушкилот дар самти ҳуқуқи инсон, инчунин пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дарҷ гарданд.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки фақат ҳамкориҳои судманди байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ метавонад ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намояд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд соли 2020 баргузории як қатор воҳӯриҳоро бо роҳбарият ва кормандону мақомоту идораҳои даҳлдор ба нақша гирифтааст. Боварӣ ҳаст, ки воҳӯрӣ ва ҳамкориҳои  тарафайн ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамоянд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон омода аст, ки бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.

Ашӯров М.,
сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ
ва сиёсии Дастгоҳи ВҲИ дар ҶТ