Дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке рамзҳои давлатӣ ва нишонаи соҳибихтиёрии он башумор меравад,
Аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“ Дарбораи рӯзҳои ид” пешниҳод карда шуд, ки дар натиҷа дар асоси иловаи зарурии ба қонуни фавқуззикр дохил карда шуда 24 –уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.
Мақсад аз расмӣ намудани таҷлили чунин як ҷашнвораи давлатиро метавон нишонаи эҳтиром гузоштан ба Парчами миллӣ, ҳамчун муқаддасот ва рамзи соҳибистиқлолии кишвар унвон кард
Бояд тазакур дод, ки парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ ҳанўз, дар давраҳои бостонии таърихи инсоният роиҷ гардида буд. Парчам бахусус дар ҳаёти мардуми Ориёитабор ҷойгоҳи хоса дошта таърихи пайдоиши он ба замонҳои хеле қадим мерасад.Бостонитарин маводе, ки дар бораи истифодаи дирафш дар ҷомеаи орииёиҳо маълумот медиҳад, — «Авесто» (фаргарди аввали «Видевдод») мебошад.
Мусаллам аст, ки тоҷикон дар раванди таърихи тулонии инкишофи худ соҳиби парчамҳои гуногун буданд. Бо ташкил ёфтани давлати Иттиҳоди Шуравӣ миллати тоҷик, пас аз ҳозор сол соҳиби давлат – ҷумҳурии мухтори шуравӣ, баъдтар ҷумҳурии мустақили шуравии ҳамноми миллат, дар ҳудудӣ ин иттиҳод гардид. Дар ин давраҳо парчамҳои Тоҷикистон, ки монанд ба парчами ИҶШС эъҷод мегашт, бо тақозои талабот ва сиёсати вақт таѓйир дода мешуд.
Мавврид ба зикр аст, ки ба узвияти СММ пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифта аст, ки парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Бинобар ин 2-юми мартисоли 1992 ҳангои маросими ба узвияти СММ шомил гардидан барои Тоҷикистон (инчунин Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ, ки дар чун6ин вазъ қарор доштанд), ки парчами навро напазируфта буд, парчами ҶШС Тоҷикистон бардошта шуд.
Албатта, пазируфтани парчам заминаи ба худ хос дорад. Барои қабули парчами кунунӣ мудати чанд моҳ озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён ёфта, дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд. Ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор дод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтараим Эмомалӣ Раҳмон рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтаанд: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилии дар марҳилаи аввали давлатдории муосир миллии тоҷикон ба вуқӯъ омада таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатиро ба таъхир андохт. Билохира санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри арбоб дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ пазируфта шуд. Ҳамзамон дар ҳамон Иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар вобастагӣ ба он ба моддаҳои 169 ва 170 –и Конститутсияи ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд.
Бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 892), 11-уми декабри соли 1999 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Тибқи муқаррароти банди аввали он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шуда аст
Низомномаи мазкур шаклу андоза, тартиби омодасозӣ, ҷойҳои ҷойгирнамоӣ, истифоданамоӣ ва дигар ҳолатҳои марбут ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намудааст. Аз ҷумла, дар асоси банди 9-и Низомномаи дахлдор ашхосе, ки ба таҳқири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Гузашта аз ин, вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва истифодаи расмии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», (таҳти №254) аз 12-уми майи 2007 ба танзим дароварда аст. Қонуни дахлдор Парчамро дар радифи Нишон ва Суруди Миллӣ яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида аст. Дар ҳамин иртибот қонуни мазкур моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчамро, дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ муқаррар намудааст. Муқаррароти қонуни дахлдор эҳтироми волои Парчамро ифтихори миллии ҳар як шаҳрванд муайян намуда, дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ муносибати мусбат намуданро талаб менамояд.
Дар асоси моддаи 11- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», риояи талаботи Қонуни мазкур ба зиммаи роҳбарони мақомотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи он ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Сармутаххасиси Шуъбаи ташкилӣ иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи ВҲИ Сангов Тоҷиддин