
Маълумот барои тамос:
Телефон
(+992 37)221-79-89
Суроғаи электронӣ:
Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript.
Бобозода Умед
Маълумоти умумӣ, таҳсилот
-
25 январи соли 1972 дар ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Мир Саид Ҳамадонӣ)-и вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
-
Соли 1998 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), факултети ҳуқуқшиносиро бо ихтисоси “Ҳуқуқшиноси байналмилалӣ” бо дипломи аъло хатм намудааст.
-
Соли 2004 – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент.
Собиқаи меҳнатӣ
-
Солҳои 1990-1992 – хизмати ҳарбӣ дар қушунҳои хушкигарди округи ҳарбии Шарқи Дури Иттиҳоди Шуравӣ;
-
Солҳои 1993-1998 – донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон);
-
Солҳои 1998-2004 – ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналмиллалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон);
-
Солҳои 2004-2006 – ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) оид ба илм ва муносибатҳои байналмиллалӣ;
-
Солҳои 2007-2009 – Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ;
-
Солҳои 2009-2011 – Муовини аввали Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Солҳои 2011-2014 – Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ;
-
Солҳои 2014-2019 – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ;
-
Аз соли 2019-то ҳол – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.