Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед бо ҳайати коршиносони Маркази волоияти қонуни Донишгоҳи Ҳелсинкии Финландия

Санаи 6 октябри соли 2023 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо ҳайати коршиносони Маркази волоияти қонуни Донишгоҳи Ҳелсинкии Финландия хонум Туйя Бракс – роҳбари Маркази волоияти қонуни Донишгоҳи Ҳелсинкӣ, ҷаноби Кари Киесиляйнен – муовини котиботи давлатӣ, хонум Кирси-Мария Халонен, профессори Донишгоҳи Лапландия, ҷаноби Юхо Ээеро Алекси Питкянен, ёрдамчии роҳбари Маркази волоияти қонуни Донишгоҳи Ҳелсинкӣ мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Солеҳзода З. ва Содиқов А. иштирок доштанд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ мазкур баррасии масъалаҳои волоияти қонун, ки дар доираи лоиҳаи “Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон баҳри рушди имконоти мардум дар Тоҷикистон” амалӣ мешаванд, инчунин имконоти минбаъдаи ҳамкориҳо ва мусоидат ҷиҳати густариш додани фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи таҳлили ҷарраёни дастарасӣ ба мақоми “А”, ки аз ҷониби Зеркумита оид ба аккредитатсияи Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсози ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон аккредитатсия мешаванд, ба ҳисоб меравад.

У. Бобозода зимни суханронӣ тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар роҳандозишударо оид ба иқдомоти саривақтӣ ва самарабахш дар сатҳи назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафту рушди ҳамаҷонибаи соҳаи ҳуқуқи инсон ва дар ин ҷода пайваста талош ва саҳм гузоштани мақомот дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назараас аст.

Дар идомаи вохӯрӣ, инчунин вобаста ба самтҳои ҳамкории байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи волоияти қонун, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ, тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои судманд байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Маркази волоияти қонуни Донишгоҳи Ҳелсинкӣ суханрониҳо карда шуданд.

Дар фарчоми вохӯрӣ ҳайати коршиносони Марказ аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода барои пазироӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор