Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31

Сафари хизматии Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Алянси Авруосиёгии Омбудсменҳо

 

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2023, №29/10-44 ҷиҳати иштирок ва бо маърӯза баромад намудан дар ҷаласаи VIII сатҳи баланди Алянси Авруосиёгии Омбудсменҳо, инчунин дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ санаи 17-18 октябри соли ҷорӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафари хизматӣ анҷом доданд.

Бино бар иттилои ҷониби даъваткунанда, чорабиниҳои ба нақшагирифта барои ду рӯз муайян шуда, имсол ба ғайр аз аъзоёни доимии ААО (ЕАО) (Арманистон, Тоҷикистон Эрон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва Сербия), Омбудсменҳои кишварҳои Озарбойҷон, Туркманистон, Туркия, Малӣ, Малавӣ, Баҳрайн, Никарагуа, Эфиопия, Абхазия, намояндагон аз Белоруссия, дар маҷмӯъ 47 намояндагони Омбудсменҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат доштанд.

Дар оғози ҷаласаи сатҳи баланди Алянси Авруосиёгии Омбудсменҳо санаи 17 октябри соли 2023 муроҷиатномаҳои Президенти Федератсияи Россия, Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия, Вазири тандурустии Федратсияи Россия ба ҳамагон ва ширкаткунандагони ҷаласа расонида шуд.

Рӯзи аввал, санаи 17 октябри соли 2023 ҷаласаи VIII Алянси Авруосиёгии Омбудсменҳо дар мавзӯи “Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар самти саломатӣ ва ёрии тиббӣ” баргузор гардида, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар самти саломатӣ ва ёрии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърӯза баромад намуда, доир ба масъалаҳои мубрами таъмини ҳуқуқ ба саломатӣ ва расонидани кӯмаки тиббӣ, инчунин татбиқи чораҳои дар сатҳи далвтаӣ оид ба таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ҳифзи саломатӣ ва расонидани ёрии тиббӣ заминаи мукаммали қонунгузорӣ ташаккул ёфтааст. Як қатор барномаҳои давлатӣ ва стандартҳои ҳуқуқӣ барои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ ба саломатӣ дар сатҳи давлатӣ ва минтақавӣ аллакай таҳия карда шудаанд.

Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ ба муқаррароти як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос меёбад, ки асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва тандурустиро муайян ва танзим мекунанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти ҳифзи ҳуқуқ ба саломатӣ ва расонидани ёрии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кодификатсияшуда, аз қабили Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Дар бораи фаъолияти тиббии хусусӣ», «Дар бораи тибби оилавӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон», «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ», «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ», «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 40 ададро ташкил медиҳанд.

Дар робита ба рушди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва хизматрасониҳои ёрии тиббӣ метавон беҳбудии ба назар намоёни вазъи муассисаҳои тиббии мавҷуда, бунёди шумораи зиёди беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии клиникии муосирро баён намуд, ки ин низ қадами устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур мебошад, қайд сохт Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баёнияи маърӯза.

Дар идомаи суханронӣ У. Бобозода оид ба таҷрибаи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва расонидани ёрии тиббӣ низ ишора намуда, қайд сохтанд, ки оғоз аз ба вуҷуд омадани пандемияи бемории сироятии COVID-19 Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, № АП-1365 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони ВҲИ ҶТ аз 22 марти соли 2020 Ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шуд, ки мақомот ваколатҳои худро ҳам дар мубориза бар зидди COVID-19 ва ҳам дар таъмини ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва расонидани ёрии саривақтии тиббӣ дар ҳолати паҳншавии пандемия амалӣ намуд ва таҷрибаи мазкур то ҳол амалӣ карда шуда истодааст. Ҳамзамон, дар самти таъмини ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон як қатор чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ва дохилиидоравӣ баргузор намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ин самти корҳои назаррасро анҷом дод.

Умуман, зимни баргузории ҷаласаи сатҳи баланди Алиянси Аруосиёгии Омбудсменҳо ва Конференсияи байналмилалӣ У. Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Омбудсменҳои кишварҳои Арманистон, Муғулистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, Сербия, Озарбойҷон, Туркманистон, Туркия, Малӣ, Малавӣ, Бахрайн, Никарагуа, Эфиопия, Абхазия, Тотористон, Алтай, Приморск ва дигарон вохӯриҳои дуҷонибаи судманд анҷом дода, масъалаҳои вазъи ҳуқуқии инсон дар шароити имрӯза, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ гардиданд. Инчунин дар доираи мулоқотҳои мазкур  масъалаҳои асосии ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Омбудсмени ин кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи баргузории ҷаласа сатҳи баланд ва конференсия байналмилалӣ ҳаммаслакони аз кишварҳои гуногун таҷрибаи худро оид ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ ба саломатӣ ва расонидани ёрии тиббӣ низ мубодила афкор намуданд.

Бо ба итмом расидани ҷаласаи сатҳи баланди Алиянси Аруосиёгии Омбудсменҳо ва Конференсияи байналмилалӣ ҷонибҳо Қатъномаҳои дахлдор қабул намуда, тавсеа гардид, ки ҳуқуқи инсон ба саломатӣ муҳимтарин ҷузъи низоми байналмилалии ҳуқуқи инсон буда, таваҷҷӯҳи бештари омбудсменҳоро тақозо мекунад ва дар ин самт бояд тамоми кишварҳо саҳми арзандаи худро ба роҳ монанд.

Хадамоти ВҲИ ҶТ

 

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор