
Маълумот барои тамос:
Телефон
(+992 37) 221-28-71
Суроғаи электронӣ:
Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript.
Раҷабов Шарафҷон Ғозиевич
Маълумоти умумӣ, таҳсилот
-
1 июли соли 1966 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
-
Соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибн Сино ва соли 2003 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро (шуъбаи ғоибона) бо ихтисоси “Ҳуқуқшинос” хатм намудааст.
Собиқаи меҳнатӣ
-
Солҳои 1983-1988 – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибн Сино;
-
Солҳои 1988-2004 – корманди ҶСК «Доруи тоҷик»;
-
Солҳои 2004-2005 – мутахассиси пешбари шуъбаи батанзимдарории қонунҳои Дастгоҳи Суди конститутсионӣ;
-
Солҳои 2005-2009 – ёрдамчии судяи Суди конститутсионӣ;
-
Солҳои 2009-2010 – сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Солҳои 2010-2012 – сармутахассиси Шуъбаи таъминоти ҳуқуқуии хизмати давлатӣ ва назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Моҳҳои апрел-сентябри соли 2014 – мудири Бахши ҳуқуқи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
-
Солҳои 2014-2016 – муовини директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
-
Солҳои 2016-2019 – сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
Аз соли 2019 – сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.