ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – НАХУСТИН
ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР
Мусаллам аст, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади муаррифии шоистаи фарҳанги бостонии халқи тоҷик осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин ҷода ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар замони истиқлол даҳҳо ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, инчунин, ҷашнҳо ва суннатҳои адабии тоҷикон ба феҳристҳои мероси моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд. Шашмақом, Наврӯз, Меҳргон, мусиқии Фалак, ҳунари марумии мо – чакан, шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон, ёдгории таърихии Ҳулбук, шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин», ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 1050-солагии Робияи Балхӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 иброз намуданд, ки: «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем».
Аз ин лиҳоз, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг вазифадор шуданд, ки маводди заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО манзур созанд.
Ҳамин тариқ, 6-уми ноябри соли ҷорӣ дар рӯзи таҷлил аз 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи нахустини ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» (43 С/52) қабул карда шуд.
Қатъномаи мазкур аҳаммияти баланди таърихӣ ва маънавии «Устувонаи Куруш»-ро чун яке аз нахустин санадҳои инсондӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштагиро тарғибу ташвиқ менамояд, таъкид мекунад.
Лозим ба ёдоварист, ки Қатъномаи фавқуззикр бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод шуда, аз ҷониби давлатҳои узви ЮНЕСКО ҷонибдорӣ ва қабул гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби арзишманди худ «Чеҳраҳои мондагор» оид ба шахсияти Куруши Кабир ва Эъломияи ҳуқуқи башари ӯ чунин иброз доштанд: «Куруш дар таърихи тамаддуни башарӣ бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною муттамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали давлатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқи манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокинони қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Эъломияи таърихии Куруш бошад, аз ҷониби олимону муаррихон ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, ки низоми одилона, инсонпарварона ва дунявии давлатдориро пуштибонӣ мекард».
Зимнан, олимони хориҷӣ доир ба шахсияти Куруши Кабир ва Эъломияи ӯ дидгоҳу назарҳои мухталиф манзур намудаанд. Чунончи, таърихшиноси эронӣ Реза Шабанӣ бар он назар аст, ки «ниёгони ориёӣ 2550 сол пеш асосҳои меъёрҳои конститутсиониро гузошта буданд». Яке аз бузургтарин назариячиҳои ҳуқуқи инсон Ҷек Доннелли Эъломияи Курушро «оғози консепсияи ҳуқуқҳои умумибашарӣ» номидааст. Шарқшинос ва олими рус Алексей Малашенко Эъломияро «қадами аввал ба сӯйи ҳуқуқи тобеъон» меномад. Олими амрикоӣ Майкл Ҳарт дар китобаш зери номи «100 шахсияти бонуфӯзи таърихӣ», ки соли 1978 навиштааст, Куруши Кабирро дар ҷойи 87-уми шахсиятҳои бонуфӯз мегузорад ва ӯро ҳамчун инсондӯсте, ки идоракунии империяро тағйир дод, мебинад.
Воқеан дар тӯли таърихи башар миллати тоҷик бо таъриху фарҳанг ва расму оинҳои қадими худ шинохта шудаву аз он сарафрозӣ менамояд. Махсусан дар таърихи давлатдории халқи тоқик масъалаи эътироф, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷойгоҳи хос доштанд. Яке аз нахустин санадҳои таърихии танзимкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маҳсуб мешавад.
Хотирнишон намудан ба маврид аст, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир соли 539-уми пеш аз милод аз ҷониби асосгузори давлати Ҳахоманишиён – шоҳ Куруши Кабир қабул гардидааст, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷойи махсус доштанд. Чунончи, дар ин санади таърихӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ ба озодӣ, ҳуқуқ ба озодии дину мазҳаб ва тоату ибодат, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зист, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба адолати судӣ, манъи шиканҷа, ҳуқуқ ба озодии касбу кор, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, манъи савдои одамон, манъи ғуломӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсон дарҷ карда шудаанд.
Ҳамакнун агар ба меъёру муқаррароти санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон назар намоем, мушоҳида мешавад, ки дар онҳо аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир истифода шудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Бинобар ин, боиси ифтихору сарафрозии ҳар фарди миллатдӯст ва ватандӯсти мамлакат аст, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир сарчашмаи қабули натанҳо санадҳои миллӣ, балки санадҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон маҳсуб меёбад.
Ҳамин тариқ, қабул шудани қатъномаи «Устувонаи Куруш: Эъломияи нахустини ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» аз ҷониби ЮНЕСКО эътибору нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои таърихи қадиму ғанӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун боз ҳам боло мебарад.
Моро зарур аст, ки ин санади таърихӣ ва ҳуқуқии ниёконамонро, бахусус дар арафаи таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон васеъ тарғибу ташвиқ намуда, мазмуни моҳияти онро дар миёни ҷомеа шарҳ диҳем.
Ҳамзамон, хуб мешуд, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аз ҷониби олимон ва пажуҳишгарони ватанӣ мавриди омӯзишу пажуҳиш қарор дода шавад.
Сайнозимзода Фирӯз –
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва
сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ








