
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва густариши зеҳни сунъӣ масъалаи ташаккули заминаи ҳуқуқии мутобиқ ба ин равандҳо ба яке аз вазифаҳои калидии давлатдории муосири Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 16 декабри соли 2025 ҳамчун санади муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян намуда, ба масъалаҳои рақамикунонии идоракунии давлатӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ диққати махсус зоҳир намуд.
Яке аз дастовардҳои муҳим ва ифтихорбахши сиёсати хориҷӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аҳамияти байналмилалии ташаббусҳои ҳуқуқии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомоалӣ Раҳмонро инъикос менамояд, ин қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 12 декабри соли 2025 мебошад, ки тибқи он соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.
Ташаббуси мазкур бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфт.
Ин иқдом нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди технология ва рақамикунониро ҷудо аз рушди маърифати ҳуқуқӣ намебинад. Зеро дар шароити ҷомеаи рақамӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, маълумоти шахсӣ, адолати алгоритмӣ ва шаффофияти идоракунӣ танҳо дар сурате таъмин мегардад, ки шаҳрвандон аз дониш ва фарҳанги ҳуқуқии кофӣ бархӯрдор бошанд.
Маврид ба ёдоварист, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” на танҳо вазъи кунунии низоми ҳуқуқиро таҳлил мекунад, балки барои рушди минбаъдаи қонунгузорӣ, махсусан дар самти ҳуқуқи рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ заминаи устувори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Дар ин аснод, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки “Парламенти кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд”.
Бояд қайд намуд, ки ин таъкиди Пешвои миллат аҳамияти калидии қонунгузориро дар раванди рақамикунонӣ инъикос менамояд.
Имрӯз қонунгузории миллӣ асосан муносибатҳои анъанавии ҳуқуқиро танзим менамояд, дар ҳоле ки муносибатҳои рақамӣ – аз қабили истифодаи маълумоти калон, қарорҳои худкор, платформаҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ танзими махсус ва муосирро тақозо доранд. Дар ин замина, таҳияи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, инчунин такмили қонунгузории амалкунанда зарурати объективӣ мебошад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи ба роҳ мондани идоракунии давлатӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ-ро ҳамчун яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ муайян намуд.
Вобаста ба ин, татбиқи чунин раванд имкон медиҳад, ки таъсири омили инсонӣ дар муносибатҳои молиявӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва қабули қарорҳо коҳиш ёбад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз рақамикунонии равандҳо ба коҳиш ёфтани коррупсия, баланд шудани шаффофияти хизматрасонӣ ва тақвияти эътимоди шаҳрвандон ба сохтору мақомотҳои давлатӣ мусоидат намудааст.
Бо вуҷуди ин, истифодаи зеҳни сунъӣ бояд таҳти назорати қатъии ҳуқуқӣ қарор дошта бошад, то ки ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон поймол нагардад.
Дар ин аснод моро зарур аст, ки ҷиҳати такмили қонунгузории миллӣ ба таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар ин самт аҳамияти ҷиддӣ диҳем.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки Иттиҳоди Аврупо яке аз пешсафони танзими ҳуқуқи рақамӣ ба шумор меравад. Дар ин минтақа қабули санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни зеҳни сунъӣ (AI Act), истифодаи зеҳни сунъиро вобаста ба дараҷаи хавф гурӯҳбандӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқи инсон, шаффофияти алгоритмҳо ва масъулияти ҳуқуқиро таъмин менамояд.
Ин таҷриба нишон медиҳад, ки ҳуқуқи рақамӣ бояд ба арзишҳои демократӣ ва волоияти қонун такя намояд.
Дар қатори дигар давлатҳо Ҷумҳурии Эстония низ ҳамчун намунаи муваффақи давлати рақамӣ шинохта шудааст. Қонунгузории ин кишвар истифодаи хизматрасониҳои электронии давлатӣ, имзои электронӣ ва идоракунии рақамиро ба сатҳи баланд расонидааст.
Муҳим он аст, ки дар Ҷумҳурии Эстония ҳифзи маълумоти шахсӣ ва ҳуқуқи шаҳрванд ба махфият яке аз принсипҳои асосии сиёсати рақамӣ мансуб меёбад.
Ҷумҳурии Сингапур, бошад сиёсати истифодаи зеҳни сунъиро дар асоси принсипҳои ахлоқ, амният ва масъулият ба роҳ мондааст.
Дар ин давлат санадҳои роҳнамо истифодаи технологияҳоро дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ танзим намуда, самаранокии идоракунӣ ва коҳиши омили инсонӣ дар муносибатҳои молиявиро таъмин менамоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар самти ҳуқуқи рақамӣ чунин чораҳоро амалӣ намояд:
- таҳияи консепсияи миллии ҳуқуқи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ;
- муқаррар намудани кафолатҳои ҳуқуқии ҳифзи маълумоти шахсӣ;
- муайян намудани масъулияти ҳуқуқӣ барои истифодаи нодурусти технологияҳои рақамӣ;
- тақвияти маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар шароити ҷомеаи рақамӣ.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид менамояд, ки амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ мебошанд.
Агар дар ҷомеа қонуншиканӣ, бесуботӣ ва норасоии эътимод ба қонун вуҷуд дошта бошад, татбиқи ягон ислоҳоти иқтисодӣ ё рақамӣ самараи дилхоҳ нахоҳад дод.
Аз ин лиҳоз, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд фаъолияти худро бо садоқат ба давлат ва халқ ба роҳ монда, амнияти ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро таъмин намоянд.
Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 ҳамчун санади муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ барои рушди ҳуқуқи рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва таҳкими волоияти қонун заминаи устувор фароҳам овард.
Таҳлили муқоисавӣ бо қонунгузории давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки рушди технология бояд ҳамеша бо танзими ҳуқуқии мукаммал ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамоҳанг бошад.
Истифодаи оқилонаи таҷрибаи байналмилалии технологияҳои рақамӣ, густариши зеҳни сунъӣ ва мутобиқсозии он ба шароити миллӣ метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба марҳилаи нави рушди давлатдории ҳуқуқбунёд ва рақамӣ расонад.
Муовини сардори ШБТИТ
Довудов М.









